тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎: Tajik Literal Open Bible

Updated ? hours ago # views See on DCS Draft Material

3 Иоанна

Боби 1

1 Ман Юҳанно, пири ҷамоати имондорон ба дӯсти азизам, Ғаюс, ки самимона дӯст медорам, нома менависам. 2 Дӯсти азизам, ман бисёр дуо мекунам, ки ту дар ҳама корҳоят муваффақ шавӣ ва чунон ки зиндагии рӯҳоният солим аст, ту ҷисман ҳам саломат бошӣ! 3 Вақте ки бародарон ба ҷамоати мо омада, дар бораи ҳаёти росткори ту шаҳодат доданд, ки чӣ тавр ту мувофиқи таълимоти ҳақиқии Масеҳ рафтор мекунӣ, ман хеле хурсанд шудам. 4 Ҳар вақте ки мешунавам, чӣ хел шогирдонам, ки ҳамчун фарзанд бароям азизанд, аз рӯйи ҳақиқати Худо зиндагӣ мекунанд, ман беҳад шод мешавам. 5 Дусти азизам! Ҳар коре, ки ту барои бародарон ва махсусан бародарони ғариб мекунӣ содиқона ва намоён аст. 6 Онҳо муҳаббати туро дар назди ҷамоати имондорон шаҳодат медиҳанд. Агар ту аз рӯйи эҳтиром ба Худо ба онҳо ёрӣ дода, гусел намойӣ, кори хубе мекунӣ. 7 Зеро онҳо ба хотири номи Исо аз байни беимонон чизе нагирифта, баромаданд. 8 Ва мо бояд чунин бародаронро дастгирӣ намоем, то ин ки мо ҳам дар паҳн намудани ҳақиқати Худо ҳамкори онҳо бошем. 9 Ман ба ҷамоати имондорон нома навиштам, лекин Диютрифас худашро калон гирифта, моро рад мекунад. 10 Бинобар ин, вақти омаданам, корҳои бад ва тӯҳмату ғайбатеро, ки нисбат ба мо мекунад, ба ҳама нақл мекунам. Инчунин вай аз ин кораш қаноатманд нашуда, бародаронро қабул намекунад ва ба онҳое, ки бародаронро қабул кардан мехоҳанд, монеъ мешавад ва аз ҷамоати имондорон пеш мекунад. 11 Дӯсти азизам! Ту бояд на аз бадӣ, балки аз некӣ ибрат гирӣ! Ҳар касе, ки некӣ мекунад бандаи Худо аст, аммо касе, ки бадӣ мекунад, Худоро намешиносад. 12 Дар бораи Димитриюс ҳама имондорон ва худи ҳақиқат ҳам шаҳодат додааст. Ҳамчунин мо ҳам шаҳодат медиҳем ва ту ҳам худат медонӣ, ки шаҳодати мо рост аст. 13 Бисёр фикрҳоро ба ту навиштан мехостам, аммо намехоҳам ҳамаи онро бо қалам бинависам. 14 Умедворам, ки ба наздикӣ ба пешат омада, бо ту рӯ ба рӯ сӯҳбат намоям. 15 Саломат бош! Дӯстон ба ту салом мерасонанд. Саломи моро ҳам ном ба ном ба дӯстон бирасон.