тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎: Unlocked Literal Bible

Updated ? hours ago # views See on DCS

ОТ МАРКА

Chapter 1

1 Хабари хуш дар бораи Исои Масеҳ, Писари Худо чунин оғоз меёбад. 2 Чи хеле ки дар китоби пайёмбар Ишаё навишта шуда аст "Дар хотир нигоҳ дор, инак ман қосиди Худро пешопеши ту мефиристам, то роҳро барои ту тайёр кунад" Ва боз навишта шудааст 3 "Овози нидокунандае дар биёбон "Роҳро барои Худованд тайёр кунед, роҳро барои Ӯ рост кунед" 4 Инак Яҳёи тамиддиҳанда омад. Ӯ дар биёбон дар бораи таъмид мегуфт ки ин нишонаи тавба аз барои гуноҳҳои худ мебошад, 5 Тамоми мардумони сарзамини Яҳудо ва шахри Иерусалим ба назди ӯ меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва ӯ онҳоро дар дарёи Ӯрдун таъмид медод. 6 Яҳё дар тан либосе аз пашми уштур ва камарбане аз чарм дошт ва хӯроки ӯ малах ва асали занбури ёбоӣ буд. 7 Яхёи таъмиддиҳанда ба одамон мегуфт: "Аз кафои ман Касе омада истодааст ки аз ман бузургтар аст ва ман лоиқи он нестам ки ҳатто бандӣ пойафзоли Ӯро воз кунам. 8 Ман шумоёнро бо об таъмид медихам валекин Ӯ бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад" 9 Дар он рузҳо аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил Исо омад ва Яҳё Ӯро дар дарёӣ Ӯрдун таъмид дод. 10 Вақте ки Исо аз об мебаромад, дид ки Рӯҳи Худованд дар шакли кабутар ба сӯи Ӯ фуруд мекард. 11 Дар ин лаҳза овозе аз осмон садо дод: " Ту писари маҳбуби ман ҳасти ва хурсандии ман дар Туст". 12 Баъд аз ин Рӯҳ фавран Исоро ба биёбон равона кард. 13 Ӯ дар муддати чил рӯз дар биёбон буд, ки дар он ҷо Ӯро шайтон озмоиш мекард. Ӯ дар биёбон дар мобайни хайвоноти ваҳшӣ қарор дошт ва фариштагон ба Ӯ ғамхорӣ мекарданд. 14 Баъд аз он Исо ба ноҳияи Ҷалил омада Хушхабарро дар бораи Шоҳигарии Худо ба одамон нақл мекард. Дар он замон Яҳёи таъмид диҳанда аллакай дар ҳабсхона буд. 15 Исо мегуфт: " Вақт расида аст ва Шоҳигарии Худо надзик аст!, барои гуноҳҳои худ тавба карда ба ин Хушхабар имон оваред". 16 Вақте ки Исо бо соҳили баҳри Ҷалил мегузашт, Ӯ дар он ҷой Петрус ва бародараш Андриёсро во хӯрд, онҳо моҳидор буданд ва дар баҳр барои моҳидори тӯрҳояшанро мепартофтанд. 17 Исо ба онҳо гуфт: " Аз қафои ман биёед ва Ман шуморо сайёди одамон мегардонам". 18 Онҳо фавран тӯрҳои худро гузошта аз қафои Исо рафтанд. 19 Камтар дуртар рафта Исо Яъкуб ва Юҳанноро писарони Забдойро вохӯрд ки бо падари худ дар заврақи моҳидори турҳои моҳидориро таъмир мекарданд. 20 Исо онҳоро ба рафтан аз қафои Ӯ даъват кард ва онҳо падари худ Забдойро бо коргарон дар заврақ гузошта аз қафои Ӯ рафтанд. 21 Онҳо ба Кофарнаҳум омаданд. Вакте ки рузи шанбе фаро расид, Исо ба куништ даромада мардумро таълим медод. 22 Мардуми дар куништ буда аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд, зеро ки Ӯ на ҳамчун китобдон таълим медод, балки ҳамчун сохибқудрат. 23 Дар он куништ шахсе буд, ки рӯҳи палид дошт, ва он шахс дод зада бо овози баланд мегуфт: 24 "Туро ба мо чӣ кор аст, Исо аз Носира? Ту омадаи то моро нобуд куни?, ман Туро мешиносам, Ту Мукаддаси Худо ҳастӣ". 25 Исо ба ӯ фармон дод ва гуфт: "Хомӯш шав ва аз ин одам баромада рав!" 26 Дар он муддат рӯҳи палид он одамро ба ларза оварда, бо овози баланд дод зада аз ӯ баромада рафт. 27 Хамаи одамони дар он ҷо бударо даҳшат фаро гирифт, ва онҳо аз якдигар мепурсиданд: "Ин чист? чӣ таълимоти навест! Ӯ бо қудрат ба рӯҳи палид фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд" 28 Овозаҳо дар бораи Исо хело тез дар вилояти Ҷалил паҳн шуд. 29 Вақти зиёде нагузашта Исо аз куништ баромада бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯн ва Андриёс омаданд. 30 Модарарӯси Шимъӯн дар бистари худ хоб рафта буд ва ӯ табларза дошт, Исоро аз ин холат хабардор карданд. 31 Исо дасти модарарӯси Шимъӯнро гирифта ӯро ба по хезонд. Табларза дарҳол ӯро тарк намуд. Ва модарарӯси Шимъӯн аз ҷояш бархеста ба хизмати онҳо шурӯъ намуд. 32 Бегоҳи, баъди ғуруби офтоб, ба назди Исо бисёр беморон ва девонагонро оварданд. 33 Дар назди дарвозаи он ҳавли тамоми мардуми шаҳр ҷамъ омаданд. 34 Исо бисёр беморонро шифо бахшид ва девҳоро аз девонагон берун кар. Ӯ ба девҳо манъ кард ки Кӣ будани Ӯро гӯянд. 35 Саҳари барвакт, Исо ба ҷойҳои беодам(хилват) рафт то, ки дуо кунад. 36 Шимъӯн ва онҳо, ки ҳамроҳашон буданд, ба ҷустуҷӯи Исо рафтанд. 37 Вақте ки Ӯро ёфтанд, ба Ӯ гуфтанд: "Ҳама туро ҷустуҷӯ доранд". 38 Ӯ ба онҳо гуфт: "Рафтем ба деҳахои дигаре равем, то ман дар он ҷойҳо Хушхабарро маъвиза кунам, чунки Ман бо чунин мақсад омадаам". 39 Ӯ дар ҳама маҳаллаҳои водии Ҷалил гашта, дар куништҳо беморонро шифо медоду девҳоро пеш мекард. 40 Як одаме ки бемории махав дошт, ба назди Исо омад. Дар назди пои Ӯ зону зада илтиҷокунон гуфт: "Агар хоҳи метавони маро аз махав пок гардонӣ". 41 Ӯро дида раҳм карда дасти Худро дароз карду ӯро ламс карда гуфт: "Мехоҳам пок шав!" 42 баъд аз ин суханони Исо, махав аз вай одам рафт ва ӯ пок гардид. 43 Исо ҳамон замон ӯро сахт таъкид карда фиристода гуфт: 44 "Ба ҳеҷ кас ин ҳодисаро нақл накун, балки рафта худро ба коҳин нишон дода, он ҳадяеро ки Мӯсо барои покшавиат амр фармудааст ба ҷо овар. То ки ин барои онҳо шаҳодате шавад". 45 Лекин он одам вақте ки аз он ҷой баромад, ба ҳама одамон нақл кард, ки бо ӯ чӣ ҳодиса рӯй дод. Аз ин сабаб Исо кушоду равшан ба шаҳр даромада наметавонист. Дар ҷойҳои беодам мегашт, лекин одамон аз ҳар гӯшаю канор ба назди Ӯ меомаданд.

Chapter 3

1 Исо боз ба куништ омад. Дар он ҷо одаме буд, кӣ дасти хушк шуда дошт. 2 Аз қафои Исо пай мебурданд, то он кӣ Ӯро айбдор созанд, гар Ӯ дар рӯзи Шанбе он шахсро шифо диҳад. 3 Исо ба одаме, кӣ дасти хушк дошта буд гуфт: "Ба мобайн баро". 4 Ва аз онҳо пурсид: "Дар рӯзи Шанбе ба кадоме иҷозат аст: некӣ ва ё бадӣ? Ҷонеро халос кардан ва ё ҳалок кардан?" Лекин онҳо хомӯш буданд. 5 Исо ба онҳо бо ғазаб нигоҳ кард, ва ғамгин гашт аз сахтиӣ дили онҳо. Баъд ба он одам гуфт: "Дастатро дароз кун". Ӯ дароз кард - ва дасти ӯ солим гашт. 6 Фарисиён берун баромаданд ва ҳамон дам бо тарафдоронӣ Иродус ба маслиҳат шурӯъ намуданд, ки чӣ тавр Исо-ро ба қатл расонанд. 7 Вале Исо бо шогирдонӣ Худ ба сӯи баҳр равон гардид. Аз қафои Ӯ одамони бисёр равон шуданд, аз Ҷалил, Яҳудо. 8 Ерусалим, Идумея, аз дигар соҳили Ӯрдун ва аз атрофи Тиро ва Сидӯн. Онҳо шунида буданд, корҳоӣ кардаи Исоро ва ба назди Ӯ бо шумораи бисёр мерафтанд. 9 Исо ба шогирдони Худ амр фармуд, ки қаиқро барои Ӯ тайёр кунанд, то ин, ки мардуми бисёр Ӯро фишор накунанд. 10 Барои он, ки Ӯ бисёронро шифо дод ва аз он сабаб касоне, кӣ беморӣ доштанд ба сӯи Исо худро мепартофтанд, то ин ки Ӯ-ро ламс кунанд. 11 Ва касоне, кӣ рӯҳҳои нопок дошта буданд, вақте ки Исоро медиданд, назди Ӯ меафтоданд ва дод гӯён мегуфтанд, "Ту - Писари Худо". 12 Вале Исо ба онҳо қатъян манъ мекард, гуфтани онро, ки Ӯ кист. 13 Исо ба болои кӯҳ баромад ва онҳое-ро, ки Худ мехост даъват намуд. Онҳо назди Ӯ омаданд. 14 Аз байни онҳо Исо дувоздаҳ шогирдро интихоб намуд, то ин ки онҳо бо Ӯ бошанд, то Ӯ онҳо-ро барои нақл карданӣ Хуш Хабар фиристад, 15 ва онҳо барои, девҳоро берун кардан қудрат дошта бошанд. 16 Инҳо касоне, ки Ӯ интихоб намуд: Шимъӯн, ки бар ӯ Петрус ном дод, 17 Яъқуб ва Юҳанно, писарҳои Забдой, ки онҳоро Исо "Воанергес" яъне "Писраҳои раъд" ном гузошт. 18 Андриёс, Филипус, Барталмо, Матто, Тумо, Яъқуб зодаи Ҳалфой, Таддо, Шимъӯни Канно 19 ва Яҳудои Исқарют, ки бар Исо хиёнат кард. 20 Вақте, ки онҳо ба хона омаданд, боре дигар мурдуми зиёде ҷамъ омаданд, ки Исо ва шогирдони Ӯ нонеро ҳам хӯрда наметавонистанд. 21 Вақте, ки хешовандонӣ Исо инро шуниданд, омаданд то ин ки Ӯро ҳамроҳ гирифта раванд, зеро, ки дар бораи Ӯ мегуфтанд, ки Ӯ аз худ рафта аст. 22 Ва китобшиносоне, ки аз Ерусалим омада буданд, мегуфтанд: "Дар Ӯ баал-забул. Ӯ девҳоро бо қуввае аз шоҳи девон берун мекунад". 23 Исо онҳоро даъват намуд, ва ба онҳо бо масалҳо гуфт: "Чӣ тавр шайтон метавонад шайтонро бадарға кунад? 24 Гар подшоҳигарие тақсим гарадад, вай подшоҳигари наметавонад устовор бимонад. 25 Ва гар хонае тақсим гардад, он хона устувор наметавонад бимонад. 26 Ва агар, шайтон бар зидди худ бархезад ва бо худ мубориза барад, ӯ наметовонад устувор бимонад, лекин ӯ ба итмом расид. 27 Ҳеҷ, касе наметавонад ба хонаи одами пурқувват дарояд ва ӯро ғорат кунад, агар, кӣ дар аввал одами пурқувватро бибандад, ва баъди он хонаи ӯро ғорат кунад. 28 Ба шумо ростиро мегӯям: ба одамон тамоми гуноҳҳо ва дашномҳое, ки гуфта набошанд бахшида мешавад. 29 Лекин касе, ки Рӯҳи Муқаддасро дашном диҳад, он ҳеҷ вақт бахшида намешавад, балки то абад маҳкум карда мешавад". 30 Исо инро барои он гуфт, кӣ гуфта буданд: "Ӯ рӯҳи нопок дорад". 31 Модари Исо ва бародаронӣ Ӯ омаданд. Дар берун истода, онҳо хоҳиш намуданд, ки Ӯро фарёд кунанд. 32 Дар назди Исо мардум нишаста буданд. Бар Ӯ гуфтанд: "Модари Ту, бародарон ва хоҳарон дар берун истода Туро фарёд доранд". 33 Исо ба онҳо ҷавоб гардонд: "Кист модари Ман ва кист бародарони Ман?". 34 Ӯ бар онҳое, кӣ дар атрофи Ӯ нишаста буданд назар афканда гуфт: "Ана модари Ман ва мана бародаронӣ Ман. 35 Зеро ҳар касе кӣ, иродаи Худоро ба ҷо оварад, ӯ бар Ман, ва бародар, ва хоҳар ва модар".

Chapter 5

1 Онҳо ба дигар тарафи баҳр ба сарзамини Ҷадариён гузаштанд. 2 Вақте, ки Исо аз қаиқ баромад, дарҳол ба пешвози Ӯ шахсе аз ғорҳои қабристон баромад. Ин одам гирифтори рӯҳи палид буд. 3 Вай дар ғорҳои қабристон зиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас ӯро ҳатто бо занҷирҳо баста наметавонистанд. 4 Ӯро чанд бор бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, аммо вай занҷирҳоро канда завлонаҳоро шикаста буд, ҳеҷ кас вайро дошта наметавонист. 5 Ҳар шаб ва ҳар рӯз вай дар кӯҳҳо ва миёни ғорхои қабристон фарёд мезад ва худро ба сангҳо мезад. 6 Аз дур Исоро дида, давида омада, ба Ӯ саҷда кард 7 ва бо овози баланд гуфт: "Ба ман чӣ кор дорӣ? Эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтиҷо мекунам: маро азоб надеҳ!" 8 Чунки Исо ба вай гуфта буд: "Рӯҳи палид аз ин шахс баро". 9 Исо пурсид: "Номи ту чист?" Вай дар ҷавоб гуфт: "Номи ман- Легион, барои он ки мо бисёр ҳастем ". 10 Онҳо аз Исо илтимос карданд, ки онҳоро аз он ҷо пеш накунад. 11 Дар домани кӯҳ рамаи калони хукон мечариданд. 12 Ҳамаи рӯҳҳои палид аз Ӯ хоҳиш карданд: "Моро ба хукон фиристон ,то ки мо ба онҳо ворид шавем". 13 Исо ба онҳо иҷозат дод, баъд онҳо аз ин шахс баромада, ба хукон ворид шуданд. Рамаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор буданд, ба сӯи ҷарии баланд баромада, ба баҳр афтода ғарқ шуданд. 14 Одамоне, ки хуконро мечарониданд, давида ба шаҳру деҳотҳо рафта ин ҳодисаро нақл карданд, мардуми он ҷой барои дидани ин ҳодиса баромаданд. 15 Онҳо назди Исо омаданд ва он шахсеро, ки гирифтори рӯҳи палид буд, ки Легион ном дошт, диданд, ки бо либос нишастааст ва ақли солим дорад, дида тарсиданд. 16 Онҳое, ки ин ҳодисаи рӯйдодаро диданд, дар бораи он, ки гирифтори рӯҳи палид буд ва дар бораи он чизе, ки бо хукон рӯй дод,ба одамон нақл карданд. 17 Ҳамон вақт мардуми онҷо аз Исо хоҳиш карданд, то ки Ӯ аз замини онҳо равад. 18 Вақте, ки Исо ба қаиқ нишаст, ҳамон одаме,ки гирифтори рӯҳи палид буд , аз Исо хоҳиш кард, то бо Ӯ бошад. 19 Аммо Исо ба ӯ иҷозат надод ва ба вай гуфт: "Ба хонаат рав ва ба наздиконат ҳамаи корҳои зиёд ва раҳме,ки Худованд барои ту кард, нақл кун". 20 Баъд он шахс рафта ба Декаполис, ҳамаи корҳои Исоро, ки ба ӯ кард, нақл карданро сар кард . Ва ҳама дар ҳайрат монданд. 21 Вақте, ки Исо бо қаиқ, ба дигар тарафи баҳр гузашт, ба назди Ӯ, одамони зиёде ҷамъ омаданд. Ӯ дар лаби баҳр буд. 22 Ба назди Ӯ шахсе омад, ки сардори куништ буд ва номи ӯ Ёир буд. Исоро дида, ба пойҳои Ӯ саҷда намуда, 23 зорикунон гуфт: "Духтари ман дар ҳолати марг аст. Биё ва дасти худро ба вай гузор, то ки ӯ шифо ёбад ва зиндагӣ кунад. 24 Баъд Исо бо ӯ рафт. Аз қафои Исо одамони зиёд мерафтанд ва Ӯро фишор медоданд. 25 Дар он ҷо зане буд, ки дувоздаҳ сол боз аз касалии хунравӣ азоб мекашид. 26 Вай аз бисёр табибон азоб кашида, хамаи он чизе дошт сарф карда, муолиҷа карда буд, аммо ягон фоида надид, балки ҳолаташ бадтар мешуд. 27 Вақте, ки зан дар бораи Исо шунид, ба назди Ӯ омада, аз қафо аз мобайни одамон ба либоси Ӯ даст расонд. 28 Вай гуфт: "Ақалан ба либосаш даст расонам, шифо хоҳам ёфт." 29 Ҳамон лаҳза вай ҳис кард, ки хунравӣ бозистод ва фаҳмид, ки ҷисмаш аз беморӣ шифо ёфт. 30 Ҳамон лаҳза Исо ҳис кард, ки қуввае аз Ӯ рафт. Ба мардум нигоҳ карда, Ӯ пурсид: "Кӣ ба либоси ман даст расонд?" 31 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: " Ту дида истодаи, ки одамони зиёде Туро фишор медиҳанд ва мепурсӣ : "Кӣ ба Ман даст расонд? " 32 Аммо Ӯ ба атроф назар кард, то он касеро, ки ин корро кард бинад. 33 Зан аз тарс ларзида донист, ки бо Ӯ чӣ рӯй дод, омада назди Ӯ ба зону афтода, ҳамаи ростиро нақл кард. 34 Исо ба вай гуфт: "Духтарам! Имонат туро аз бемориат шифо дод. Бо осоиштагӣ рав ва саломат бош." 35 Вақте,ки Исо ин суханонро мегуфт, ба назди сардори куништ аз хонаи ӯ одамон омада гуфтанд: "Духтарат вафот кард. Барои чӣ Устодро ташвиш медиҳӣ?. Аммо 36 Исо ин суханонро шунида дарҳол ба сардори куништ гуфт: "Натарс, фақат имон овар". 37 Исо касеро иҷозат надод, ки бо Ӯ равад, ба ғайр аз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно , ки бародари Яъқуб мебошад. 38 Исо ба хонаи сардори куништ омад. Дар онҷо одамон гиря ва нолаи баланд мекарданд. 39 Исо даромада ба онҳо гуфт:" Барои чӣ андӯҳгин ҳастед ва гиря мекунед? Кӯдак намурдааст, балки хоб аст". 40 Онҳо аз болои Ӯ ханда карданд. Аммо Ӯ ҳамаи онҳоро аз хона берун кард, ва ҳамроҳи Худ танҳо падару модари кӯдак ва онҳое ки бо Ӯ омаданд гирифт. Исо ба ҳуҷрае , ки кӯдак хобида буд даромад. 41 Ӯ дасти кӯдакро гирифта гуфт: "Талито қуми" ки маънояш "Духтар ба ту мегӯям: бархез". 42 Духтар аз ҷои худ хест ва роҳ гашт. Ӯ дувоздаҳсола буд. Онҳое, ки инро диданд, сахт дар ҳайрат буданд. 43 Исо онҳоро сахт таъкид кард, ки ин воқеаи рӯй додаро, ба ҳеҷ кас нақл накунанд. Баъд гуфт, ки ба духтар хӯрок диҳанд.

Chapter 6

1 Исо аз он ҷой рафт ва ба зодгоҳи Худ омад. Шогирдонаш аз қафои Ӯ омаданд. 2 Вақте ки рузи шанбе фаро расд, Исо дар куништ таълим доданро сар кард. Бисёр касоне ки Ӯро мешунавиданд, дар ҳайрат буданд ва ба якдигар мегуфтанд:" Аз куҷо ин дониш дар Ӯ? Чи ҳикмате ба Ӯ дода шуда аст, ва чи тарз ин муъҷизаҳо бо дастони Ӯ ба вуҷуд омада истода аст? 3 Оё Ӯ дуредгар нест писари Марям ки бародаронаш Ёкуб,Йӯсе,Яҳудо ва Шиъӯн? Магар хоҳаронаш дар ин ҷо дар мобайни мо нестанд?" Ва ба Ӯ бовар накарданд. 4 Исо ба онҳо гуфт:" Паёмбар, бе кадр нест ҷуз дар халқи худ, хонаи худ ва дар мобайни хешовандони худ". 5 Дар онҷо Исо ҳеҷ мӯҷизае карда натавонист. Танҳо ба якчанд беморон даст гузошта онҳоро шифо дод. 6 Ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат монд. Баъд Ӯ рафта дар деҳаҳои наздик буда таълим медод. 7 Исо дувоздаҳ шогирдони Худро ҷамъ карда ҷуфт-ҷуфт фиристода, ба онҳо аз болои рӯҳҳои палид қудрат дод. 8 Исо ба онҳо фармон дод, ки бо худ ба роҳ ғайр аз асо, дигар чизе нагиранд на ҷомадон, на нон ва на пул дар камарбанд. 9 Балки либос ва пойафзоли одди пушида либоси иловаги ҳамроҳи худ нагиранд. 10 Исо ба онҳо гуфт: "Агар ба ягон хонае дароед дар он ҷой бимонед то даме ки аз он ҷой наравед" 11 Агар шуморо дар ягон ҷой кабул накунанд ва шуморо гуш накунанд, он гоҳ, аз он ҷо рафта чанги пойҳои худро афшонед. Ин бар зидди онҳо шаҳодате мешавад. 12 Онҳо рафта Хушхабрарро маъвиза мекарданд ва ба тавба даъват мекарданд. 13 Бисёр девҳоро пеш мекарданд, ба бисёр беморон равған молида шифо медоданд. 14 Шоҳ Ҳиродус низ да бораи Исо шунид, зеро ки номи Исо хело машҳур шуда буд. Баъзеҳо мегуфтан ки ин Яҳёи таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳё шудааст, аз барои ҳамин қувват дорад ки чунин муъҷизаҳо бикунад. 15 Баъзеҳо мегуфта ки ин Илёс аст. Вале дигарон мегуфтанд ки ин паёмбаре мисли паёмбарони қадим. 16 Вақте ки Хиродус инро шунавид ӯ гуфт: "Ин Яҳё, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам, Ӯ аз мурдаҳо еҳё шуда аст". 17 Зеро пештар худи Ҳиродус Яҳёро дастгир карда дар ҳабсхона махкам карда буд, ба хотири Ҳиродия зани бародараш Филипус, ки онро худаш ба зани гирифта буд. 18 Яҳё ба ӯ мегуфт : " Ба ту мумкин нест ки бо зани бародари худ зиндаги куни" 19 Ҳиродия нистбати Яҳё дар хашм буд ва мехост ӯро ба қатл расонад, вале наметавонист. 20 Ба сабаби он, ки Ҳиродус аз Яҳё метарсид, медонист ки ӯ одами одил ва муқаддас аст ва ӯро мухофизат мекард. Ҳирод хушҳолона ба сухонони ӯ гуш медод ва бисёр корҳоро аз рӯи маслиҳати ӯ иҷро мекард. 21 Рӯзе барои Ҳиродия шароити қулай вохӯрд. Вақте ки Ҳиродус ба муносибати зодурзи худ барои ҳокимону садорони сарзамин ва сардорони чамоатҳо зиёфати бегоҳи орост. 22 Духтари Ҳиродия дар ин зиёфат рақс карда дар назди Ҳиродус ва меҳмононе ки дар сари дастурхон ӯ буданд писанд омад. Он гоҳ Шоҳ ба духтар гуфт: " Ҳар чи хоҳи аз ман бипурс бароят медихам". 23 Ҳиродус ба ӯ қасам хӯрд: " Ҳар чи аз ман пурсӣ ба ту медиҳам, ҳатто то нисфӣ подшоҳии Худ". 24 Ӯ баромада аз модари худ пурсид: " Чиро бипурсам" модараш дар ҷавоб гуфт: " Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро" 25 Духтар дарҳол назди Шоҳ саросемавор рафта аз ӯ талаб кард: "Мехоҳам ҳатман сари Яҳёи таъмиддиҳандаро дар рӯи табақ ба ман диҳӣ". 26 Шоҳ аз ин хело ғамгин шуд, лекин ба хотири касам дар пеши меҳмонони дар сари дастурхон нишаста натавонист хоҳиши ӯро раъд кунад. 27 Шоҳ дарҳол ба яроқбардори худ фармон дод, ки сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро биёрад. 28 Яроқбардор ба ҳабсхона рафта сари Яҳёро аз танаш ҷудо карда дар табақ ба духтар овард, духтар онро ба модари худ дод. 29 Вақте ки шогирдони Яҳё инро шуниданд, омада ҷасади ӯро гирифта ба қабр гузоштанд. 30 Вақте ки ҳаввориён ба назди Исо омаданд, он гоҳ ба Ӯ нақл карданд чи корҳо карданд ва дар бораи чи таълим доданд. 31 Ӯ ба онҳо гуфт: " Рафтем, танҳо, ба ҷоӣ беодам рафта камтар истроҳат мекунем" зеро ба назди онҳо одамони зиёде рафту омад мекарданд то ба дарҷае ки онҳо барои хӯрокхурӣ фурсате надоштанд. 32 Ва онҳо танҳо, бо заврақ ба ҷоӣ беодам шино карданд. 33 Мардум диданд, ки онҳо ба заврақ савор шуда, аз соҳил дур шуданд. Одамон онҳоро шинохтанд, ва аз ҳама шаҳрҳои наздик ба воситаи соҳил ба он ҷо пештар аз Исо рафта расиданд. 34 Вақте ки Исо аз заврақ баромад, мардуми бисёрро дида, ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли баррагон буданд, ки шубон надорад, баъд онҳоро бисёр таълим доданро шуруъ кард. 35 Баъди гузаштани вақти бисёр, шогирдон ба назди Исо омада гуфтанд: " Ин ҷо ҷоӣ хилват аст, вақт ҳам дер шудааст. 36 Мардумро ҷавоб деҳ, то ба деҳаву маҳалаҳои ҳамсоя рафта барои худ хӯрок харанд". 37 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: " Шумоён ба онҳо хӯрок диҳед" Онҳо аз Ӯ пурсоданд: " Оё мо рафта ба дусад динор барои онҳо хӯрок харида ба онҳо диҳем?" 38 Лекин Ӯ гуфт: " Рафта бубинед ки шумо чандто нон доред" онҳо фаҳмида ҷавоб дода гуфтанд: "Панҷ нон ва ду моҳи" 39 Он гоҳ Исо амр фармуд то мардумро гурӯҳ-гурӯҳ дар кабутизор шинонанд. 40 Ва онҳо дар гурӯҳҳо панҷоҳ нафарӣ ва сад нафарӣ нишастанд. 41 Исо он панҷ нону ду моҳиро гирифт. Чашмонашро сӯи осмон бардошта, онро баракат дод, нонро пора карда ба шогирдонаш дод ва шогирдон ба мардум тақсим карда доданд. Инчунин ду моҳиро таксим карда ба мардум дод. 42 Ҳама хӯрда сер шуданд. 43 Бо боқимонда порахои нон ва моҳӣ дувоздаҳ сабадро пур карданд. 44 Аз онҳое ки нон хӯрданд, тақрибан панҷ ҳазор мардон буданд. 45 Дарҳол баъди ин Исо шогирдони Худро маҷбур кард ки ба заврақ савор шуда ба дигар соҳил, сӯи Байт-сайдо равона шаванд, то он вақте ки Исо мардумро ҷавоб диҳад. 46 Мардумро ҷавоб дода Исо ба кӯҳ баромад то ин ки дуо кунад. 47 Вақте ки бегоҳи рӯзи шуд, шогирдон бо заврақ дар мобайни баҳр буданд, Исо дар соҳил танҳо буд. 48 Исо дид, ки шогирдон бо қуввати охирин бар зидди ҷараёни шамол заврак меронанд. Тақрибан поси чоруми шаб Ӯ дар рӯи баҳр роҳ мерафт, вақте ки ба онҳо наздик шуд, мехост аз назди онҳо гузашта равад. 49 Вақте ки онҳо Исоро диданд, ки дар рӯи баҳр роҳ мерафт, фикр карданд ки ин шабаҳ(арвоҳ) аст. Онҳо дод заданд. 50 Чунки ҳамаи онҳо Исоро дида тарсиданд, Исо фавран ба онҳо муроҷиат карда гуфт: "Ором шавед ин манам, натарсед" 51 Ӯ ба даруни заврақи онҳо даромад. дарҳол шамол ором шуд. Онҳо хеле дар ҳайрат буданд. 52 Бо сабаби он ки муъҷизаро бо нонҳо нафаҳмиданд, чунки дилҳояшон баста буд. 53 Аз баҳр гузашта, онҳо ба сарзамини Ҷанисор омада дар соҳил заврақро бастанд. 54 Ҳамон замоне, ки онҳо аз заврақ баромаданд, мардум Исоро шинохтанд. 55 Онхо шитобон ҳама канори он заминро ки аз рӯи овозаҳо Исо дар он ҷост, ҷустуҷӯ мекарданд ва беморонро бо занбарҳо меоварданд. 56 Ба ҳама ҷойҳое ки Исо меомад, дар шаҳрҳо, деҳаву қишолқҳо, дар ҳама ҷо беморонро бар сари роҳ гузошта илтимос мекарданд ки ақалан ба либоси Ӯ даст расонанд, ҳар касе, ки даст мерасонид, шифо меёфт.

Chapter 9

1 Исо ба онҳо гуфт: "Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо як чанд касоне аз истодагон ҳастанд,ки пеш аз он, ки мемиранд, Подшоҳии Худоро ки чи хел бо қувват меояд аллакай мебинанд". 2 Баъди шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро гирифт ва танҳо онҳоро ба кӯҳи баланд баровард ки дар он ҷо намуди зоҳирии Ӯ таъғир ёфт. 3 Либоси Ӯ медурахшид ва ҳамчун барф сап-сафед шуд, ки дар замин ягон сафедкунанда наметавонад, чунин сафед кунад. 4 Дар пеши онҳо Илёс ва Мусо пайдо шуданд. Онҳо бо Исо гуфтугӯ мекарданд. 5 Петрус ба Исо гуфт: "Равви! Дар ин ҷо ба мо хуб аст. Биё се хайма (чайла) месозем яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Илёс". 6 Чунки Петрус намедонист, чӣ бигӯяд, барои он ки онҳоро тарс фаро гирифта буд. 7 Баногоҳ абр пайдо шуд , ки онҳоро пӯшонд. Аз абр овозе садо дод: "Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман. Ӯро гӯш кунед". 8 Ва он гоҳ, ба атроф нигоҳ карда онҳо ба ғайр аз Исо, дигар касеро надиданд. 9 Вақте ки онҳо аз кӯҳ мефаромаданд, Исо онҳоро манъ кард дар бораи он чизе, ки диданд нақл кунанд, то он даме, ки Писари Одам аз мурдагон эҳё нашавад. 10 Онҳо ин фармонро иҷро карданд, аммо аз якдигар пурсиданд: "Аз мурдагон эҳё шудан чӣ маъно дорад?" 11 Онҳо аз 12 Ӯ пурсиданд: "Барои чи китобдонон мегӯянд, ки бояд аввал Илёс биёяд?" Исо ба онҳо ҷавоб дод: "Дуруст аст, ки бояд аввал Илёс биёяд ва ҳама чизро тайёр кунад, ҳамин тавр Писари Одам низ чи тавре ки дар бораи Ӯ навишта шудааст бояд бисёр уқубат кашад ва таҳқир карда шавад. 13 Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омад ва бо ӯ чизе ки хостанд карданд, чунон ки дар бораи ӯ навишта шудааст. 14 Вақте ки Исо омад, Ӯ дар назди шогирдон ва китобдонон бисёр одамонро дид, ки бо онҳо баҳс мекарданд. 15 Вақте ки одамон Исоро диданд онҳо сахт дар ҳайрат шуданд ва ҳамон дам ба пешвози Ӯ давиданд. 16 Ӯ аз онҳо пурсид: "Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?" 17 Касе аз байни онҳо ҷавоб дод: "Устод! Ман писари худро назди Ту овардам, ки гирифтори рӯҳи гунг аст. 18 Вақте ки рӯҳ ӯро мегирад, ба замин мезанад, ва баъд аз даҳони ӯ кафк мебарояд, дандонашро ғичирос мезанонад ва карахт мешавад. Ман аз шогирдони Ту хоҳиш кардам ки ин рӯҳро ронанд,аммо онҳо натавонистанд. 19 Исо ба онҳо гуфт: "Эй, насли беимон! Боз чӣ қадар бо шумо бошам? Боз чӣ қадар шуморо тоқат кунам? Ӯро назди Ман оред". 20 Ӯро назди Исо оварданд. Чун рӯҳ Исоро дид, бачаро ба ларза овард. Вай ба замин афтод ва худро ба задан даромада, кашиш хӯрд ва аз даҳонаш кафк баромад. 21 Исо аз падари ӯ пурсид: "Дер боз бо ӯ чунин аст?" Ӯ ҷавоб дод: "Аз кӯдакӣ. 22 Бисёр маротиба рӯҳ ӯро ҳам ба оташ, ва ҳам ба об мепартофт, то ки ӯро бикушад. Аммо агар Ту тавонӣ ягон кор кунӣ, ба мо раҳм кун ва ёри деҳ". 23 Исо ба ӯ гуфт: "Агар тавонӣ имон овар. Барои имондор ҳама чиз имконпазир аст". 24 Ва падари писарбача дарҳол хитоб намуд: "Имон дорам! Ба беимонии ман мадад кун". 25 Вақте Исо дид ки мардум ҷамъ мешаванд, Ӯ рӯҳи палидро манъ карда ба ӯ гуфт: "Рӯҳи гунг ва кар, Ман ба ту амр мефармоям: аз вай берун баро ва дигар ба вай дохил нашав". 26 Рӯҳ якбора дод зад, писарбачаро сахт ларзонд ва аз ӯ баромад. Писарбача ҳамчун мурда мехобид,ва бисёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст. 27 Аммо Исо дасти ӯро гирифта, хезонд, ва ӯ аз ҷояш хест. 28 Вақте ки Исо ба хона даромад, шогирдони Ӯ, дар танҳои бо Ӯ монда пурсиданд: "Барои чӣ мо он рӯҳро ронда натавонистем?" 29 Исо ҷавоб дод: "Ин ҷинсро фақат бо дуо рондан мумкин аст". 30 Вақте ки онҳо аз он ҷо баромаданд онҳо аз Ҷалил гузашта мерафтанд. Исо намехост ки ягон кас Ӯро шиносад, 31 зеро шогирдони Худро таълим медод ва ба онҳо мегуфт, ки Писари Одамро ба дасти одамон медиҳанд. Ӯро мекушанд ва баъди маргаш дар рӯзи сеюм Ӯ эҳё мешавад. 32 Лекин онҳо суханони Ӯро нафаҳмиданд ва аз пурсидан тарсиданд. 33 Исо ба Кофарнаҳум омад. Вақте ки Ӯ дар хона буд аз онҳо пурсид: "Дар роҳ шумо дар бораи чӣ муҳокима мекардед?" 34 Онхо хомӯш буданд,чунки онҳо дар роҳ муҳокима карда буданд ки дар байни онҳо кӣ бузургтар аст". 35 Исо нишаста дувоздаҳ шогирдонро даъват кард ва ба онҳо гуфт: "Касе ки мехоҳад аввалин бошад, бигзор дар байни ҳама охирон бошад ва хизматгори ҳама шавад". 36 Исо кӯдакеро гирифт ва ӯро дар мобайни онҳо гузошт. Ӯ вайро ба оғӯш гирифт ва ба онҳо гуфт: 37 "Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба хотири номи Ман қабул кунад, вай Маро қабул мекунад. Касе кӣ Маро қабул мекунад, вай на танҳо Маро қабул мекунад балки Фиристандаи Маро низ қабул мекунад. 38 Дар ин ҳол Юҳанно гуфт: "Устод! Мо шахсеро дидем, ки ба номи Ту девҳоро меронад, лекин моро пайравӣ намекард. Мо ӯро манъ кардем, барои он ки моро пайравӣ накард". 39 Исо гуфт: "Ӯро манъ накунед, зеро касе ки ба номи Ман мӯҷиза мекунад, наметавонад баъди он дар бораи Ман сухани бад гӯяд. 40 Касе, ки бар зидди мо нест, вай тарафдори мост 41 Ва касе шуморо як коса об бинӯшонад барои он ки номи Маро - Масеҳро доред, ба ростӣ ба шумо мегӯям: мукофоти худро гум намекунад. 42 Аммо касе ки сабаби гуноҳи яке аз ин хурдон шавад ки ба Ман имон доранд, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёро ба гардани вай овехта ва ӯро ба баҳр партоянд. 43 Ва агар дасти ту туро ба гуноҳ барад, онро бурида парто. Беҳтар ки ту бо як даст ба ҳаёт дароӣ аз ин ки бо ду даст ба дӯзах ва оташи хомӯш нашаванда андохта шавӣ, 44 ки дар он ҷо кирм намемирад ва оташ хомӯш намешавад. 45 Ва агар пои ту туро ба гуноҳ барад, онро бурида парто. Барои ту беҳтар ки бо як пой ба ҳаёт дарои, аз ин ки бо ду пой ба дӯзах ва оташи хомӯш нашаванда партофта шавӣ. 46 ки дар он ҷо кирм намемирад ва оташ хомӯш намешавад 47 Ва агар чашми ту туро ба гуноҳ барад онро канда парто. Барои ту беҳтар аст ки бо як чашм ба Подшоҳии Худо дарои, аз ин ки бо ду чашм ба оташи дӯзах партофта шавӣ, 48 ки кирм дар он ҷо намемирад ва оташ хомӯш намешавад. 49 Барои он ки хар кас бо оташ намакин мешавад. 50 Намак чизи хуб аст, аммо агар намак шӯр набошад, пас онро боз бо чӣ намакин мекунед. Пас дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар дар осоиштагӣ зиндагӣ кунед.

Chapter 10

1 Аз он ҷо Исо ба замини яҳудо, ки дар он тарафи Ӯрдун буд, рафт. Боз назди Ӯ одамон ҷамъ шуданд ва Вай мисли ҳарвақта онҳоро таълим медод. 2 Фарисиён омада Ӯро озмудани шуда пурсиданд: "Оё раво аст, ки мард аз зани худ ҷудо шавад?" 3 Исо аз онҳо пурсид: "Мусо ба шумо чӣ ҳукм додааст?" 4 Онҳо ҷавоб доданд: "Мусо иҷозат додааст, ки талоқнома навишта ҷудо шавем". 5 Исо ба онҳо ҷавоб дод: "Ӯ ин ҳукмро ба сабаби дилсахтии шумо навиштааст. 6 Аммо аз офариниш Худо онҳоро марду зан офарид. 7 Барои ҳамин одам падару модари худро тарк карда 8 бо зани худ пайваст мешавад. Ва ҳар ду як тан мешаванд, акнун онҳо ду тан не, балки як тан мебошанд. 9 Инак, он чизе, ки Худо пайваст кардааст, одам набояд ҷудо кунад". 10 Дар хона шогирдони Исо боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд. 11 Исо ба онҳо гуфт: "Ҳар касе, ки аз зани худ ҷудо шуда, бо зани дигар никоҳ кунад, вафодории заношӯӣро вайрон мекунад. 12 Агар зан аз шавҳари худ ҷудо шуда ба дигар кас шавҳар кунад, вай низ вафодории заношӯӣро вайрон мекунад". 13 Кӯдаконро назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст монад, аммо шогирдонаш иҷозат надоданд. 14 Вақте, ки Исо инро дид, ба ғазаб омад ва гуфт: " Бигзор кӯдакон назди Ман оянд. Онҳоро бознадоред, барои он ки Подшоҳии Худо ба чунин касон, тааллуқ дорад. 15 Ростиро ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ҳамчун кӯдак Подшоҳии Худоро қабул накунад, вай ба он дохил намешавад". 16 Исо кӯдаконро ба оғӯш гирифта, дасти Худро ба онҳо гузошта баракат дод. 17 Вақте ки Исо ба роҳ мебарояд, шахсе давида, ба назди Ӯ ба зонуи худ хам шуда, аз Ӯ пурсид: "Эй Устоди Некӯ! Ман чӣ кор кунам, ки ҳаёти абадиро мерос гирам?" 18 Исо ба ӯ ҷавоб дод: "Барои чӣ Маро Некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худо некӯ нест. 19 Ту аҳкомро медони: "вафодории заношӯиро вайрон накун", "қатл накун", "дуздӣ накун", "шаҳодати дурӯғ надеҳ", "озор надеҳ", "падару модаратро ҳурмат кун". 20 Вай ба Ӯ ҷавоб дод: "Устод! Ҳамаи инро ман аз кӯдаки риоя мекунам". 21 Исо ба вай бо муҳаббат нигоҳ карда гуфт: "Як чиз ба ту намерасад: рафта он чизе, ки дорӣ фурӯш ва ба камбағалон тақсим кун ва ту дар осмон ганҷе хоҳӣ дошт. Баъд омада Маро пайравӣ кун". 22 Аз ин сухан вай озурда шуд ва ғамгинона рафт, барои он ки бисёр сарватдор буд. 23 Ба атроф назар карда, Исо ба шогирдони Худ гуфт: "Ба Подшоҳии Худо даромадани сарватмандон чӣ қадар мушкил аст!" 24 Сухани Ӯ шогирдонро сахт ба ҳарос овард. Лекин Исо боз ба онҳо гуфт: "Эй фарзандон! Чӣ қадар душвор аст ба Подшоҳии Худо даромадани онҳое, ки ба сарвати худ умед мебанданд! 25 Аз нӯги сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, назар ба одами сарватманд ба Подшоҳии Худо". 26 Онҳо хеле сахт ҳайрон шуданд ва аз якдигар пурсиданд: "Пас ки наҷот ёфта метавонад?" 27 Исо ба онҳо нигоҳ карда гуфт: "Ин барои одам имконнопазир аст, на ба Худо, чунки Худо ҳама чизро метавонад". 28 Баъд Петрус ба Ӯ гуфтанро сар кард: "Ана, мо ҳама чизро тарк карда, аз қафои Ту рафтем". 29 Исо ҷавоб дод: "Ба шумо ростиро мегӯям: касе, ки аз барои Ман ва Хушхабар хона, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, ё фарзандон ё замини худро тарк мекунад 30 дар ин замон дар миёни таъқибот сад маротиба зиёд хонаҳо, бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон, ва фарзандон ва заминҳо ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидониро ба даст меоваранд. 31 Бисёри аввалинҳо- охирин ва охиринҳо-аввалин мешаванд". 32 Вақте ки дар роҳ сӯи Ерусалим мебаромаданд, Исо пешопеши онҳо мерафт. Одамоне, ки аз қафои Ӯ мерафтанд, дар ҳарос ва даҳшат буданд. Дувоздаҳ шогирдонашро ҷеғ зада, Вай боз дар бораи он чизе, ки бояд бо Ӯ рӯй диҳад, ба сухан гуфтан шурӯъ намуд: 33 "Инак, мо ба Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон дода мешавад. Ӯро доварӣ мекунанд ба марг маҳкум мекунанд ва ба дасти ғайрияҳудиён медиҳанд, 34 Аз болои Вай тамасхур мекунанд ва ба Ӯ туф мекунанд. Ӯро мезананд, аммо Ӯ дар рӯзи сеюм эҳё мешавад. 35 Он гоҳ писарони Забдой, Яъқуб ва Юҳанно, назди Исо омада гуфтанд: "Устод! Мо мехоҳем, Ту он чизе, ки аз Ту хоҳиш мекунем, барои мо бикунӣ". 36 Ӯ аз онҳо пурсид: "Чӣ мехоҳед, ки Ман барои шумо бикунам?" 37 Онҳо дар ҷавоб ба Вай гуфтанд: "Ба мо имконият деҳ, ки дар ҷалоли Ту яке аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ту нишинем". 38 Аммо Исо ба онҳо гуфт: "Шумо намедонед, дар бораи чӣ мепурсед. Оё аз он косае,ки Ман менӯшам, метавонед бинӯшед ва бо таъмиде, ки Ман мегирам, метавонед таъмид гиред?" 39 Онҳо ҷавоб доданд: "Метавонем". Исо ба онҳо гуфт: "Аз косае, ки Ман менӯшам, метавонед нӯшед ва таъмиде, ки Ман мегирам, гирифта метавонед. 40 Аммо имконияти нишастан дар тарафи чапу рости Ман ба онҳое дода мешавад, ки аллакай тайёр шудааст, на Ман ин имкониятро медиҳам". 41 Инро шунида,даҳ нафар дигар шогирдон ба Яъқуб ва Юҳанно ба қаҳр омаданд. 42 Исо онҳоро ҷеғ зада гуфт: "Шумо медонед, онҳоеро, ки ҳокимони халқҳо меноманд, аз болои онҳо ҳукмронӣ мекунанд ва сардорон аз болои онҳо қудрат доранд. 43 Аммо дар байни шумо набояд ин тавр бошад: касе, кӣ дар байни шумо болотар будан хоҳад, бигзор бар шумо хизматгор бошад. 44 Ва касе кӣ мехоҳад дар байни шумо аввалин бошад, бигзор бар ҳама ғулом гардад. 45 Зеро Писари Одамизод на барои он омадааст, ки ба Ӯ хизмат намоянд, балки хизмат кунад ва ҳаёти Худро барои харидани бисёр касон бидиҳад". 46 Пас онҳо ба Ериҳӯ омаданд. Вақте ки Исо бо шогирдони Худ ва бо одамони зиёде аз Ериҳӯ мебаромад, дар канори роҳ Бартимаи ибни Тимай нишаста буд ки ӯ нобино ва қашшоқ буд. 47 Чун шунид, ки Исои Носирӣ меояд, вай фарёдзаданро сар кард: "Исо, Писари Довуд! Ба ман раҳм кун". 48 Бисёр касон ӯро маҷбур карданд, ки хомӯш бошад, аммо вай боз баландтар дод зад. "Писари Довуд! Ба ман раҳм кун". 49 Исо боз истода гуфт: "Ӯро даъват кунед". Кӯрро фарёд карда, ба ӯ гуфтанд: "Натарс, бархез! Исо туро фарёд мекунад". 50 Бартимай ҷомаи болоии худро аз худ партофта бархест ва назди Исо омад. 51 Исо пурсид: "Ту чӣ мехоҳӣ, то ки Ман барои ту бикунам?" Кӯр ба Ӯ ҷавоб дод: "Устод! Ман мехоҳам ки бубинам". 52 Исо ба ӯ гуфт: "Бирав, имонат туро шифо дод". Бармитай ҳамон лаҳза бино шуд ва аз қафои Исо бо он роҳ равона шуд .

Chapter 11

1 Вақте, ки онҳо наздики Иерусалим ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ба кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ба ду шогирдонаш гуфт: 2 "Ба деҳае, ки дар пеши шумоён аст равед. Ҳамон вақте ки ба деҳа медароед, дарҳол хари ҷавони баста шударо меёбед, ки аз одамон ҳеҷ касе ба он савор нашуда аст. Онро воз карда ба ин ҷо биёред. 3 Агар касе аз шумо пурсад: " Шумоён чӣ кор карда истодаед?" ҷавоб дода гӯед, ки он ба Худованд лозим аст ва Ӯ вақти бисёре нагузашта онро ба шумо бар мегардонад". 4 Онҳо рафта дар кӯча хари ҷавонеро ёфтанд, ки ба дарвоза баста шуда буд, онҳо онро аз дарвоза воз карданд. 5 Якчанд одамоне, ки дар он ҷо истода буданд, аз онҳо пурсиданд: " Шумо чӣ кор карда истодаед? Барои чӣ хари ҷавонро кушода истодед?" 6 Шогирдон чунин ҷавоб доданд, чӣ хеле, ки Худованд фармуда буд, ва он одамон онҳоро ҷавоб доданд. 7 Онҳо хари ҷавонро ба назди Исо оварданд, ҷомаҳои худро ба болои он гузоштанд, ва Исо ба болои он савор шуд. 8 Одамони бисёре ба сари роҳ ҷомаҳои худро мегузоштанд, касе шохҳои дарахтонро бурида ба сари роҳ мегузошт. 9 Одамоне, ки пешопеши Исо ва аз қафои Ӯ мерафтанд, бо овози баланд нидокунон мегуфтанд: " Ҳушаъно! Муборак аст Касе, ки ба хотири исми Худованд меояд!. 10 Муборак аст Шоҳигарии падари мо Довуд, ки омада истода аст!, Ҳушаъно дар осмонхо!" 11 Вақте ки Исо ба Иерусалим омад, Ӯ ба маъбад даромада ҳама ҷойҳои онро аз назар гузаронид. Бо сабаби он, ки вақт дер шуда буд, Исо бо дувоздаҳ шогирдони Худ ба Байт-Ҳини рафт. 12 Дар рӯзи дигар, вақте ки аз Байт-Сайдо баромаданд, Исо хеле гурусна монд. 13 Исо аз дур дарахтеро дид, ки бо баргҳо пӯшида шуда буд ва мебоист дар он анҷир бошад . Исо ба назди он дарахт омад, то ки ба он нигоҳ кунад, ки дар он ҳосиле ҳаст ё не, вале ғайр аз баргҳо дигар чизе дар он наёфт, зеро ҳоло вақти чидани анҷир нарасида буд. 14 Ва он гоҳ Исо ба дарахт гуфт: " Бигзор, аз ин дам ва то абад, ҳеҷ кас меваҳои туро нахӯрад" ва шогирдони Ӯ инро шуниданд. 15 Вақте, ки онҳо ба Иерусалим омаданд. Исо ба маъбад даромада ба пеш кардани онҳое, ки хариду фурӯш мекарданд, шурӯъ намуд. Ӯ мизи онҳое, ки пул иваз мекарданд, чаппа кард, инчунин мизҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард, 16 ва нагузошт, ки касе аз мобайни маъбад, чизеро гузаронад. 17 Исо онҳоро таълим дод: " Оё навишта нашудааст: " Хонаи Ман хонаи дуо барои ҳамаи халқҳо номида хоҳад шуд"? Вале шумоён онро ба дузд хона мубаддал гардонидаед"? 18 Вақте ки китобдонон ва саркоҳинон инро шуниданд, дар дили онҳо фикр пайдо шуд, ки чӣ тавр Исоро бикушанд. Онҳо аз Ӯ метарсиданд, чунки тамоми халқ аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд. 19 Вақте ки бегоҳирӯз шуд, Исо аз шаҳр баромад. 20 Саҳар, вақте ки аз назди дарахт мегузаштанд диданд, ки дарахт то решааш хушк шудааст. 21 Петрус дар бораи ин дарахт ба ёд оварда ба Исо гуфт: " Устод! Нигоҳ кун: инак дарахте, ки Ту лаънат кардӣ, хушк шудаст". 22 Исо ба онҳо ҷавоб дод. 23 "Ба Худо имон дошта бошед, ба шумо ҳақиқатро мегӯям, агар ҳар касе аз шумо ба ин кӯҳ бигӯяд : "Бархоста ба баҳр ҷойгир шав" ва дар дили худ шубҳа накунад, балки бовар кунад, ки аз рӯи гуфтааш мешавад, чунин рӯй медиҳад." 24 Барои ҳамин, ба шумо мегуям: ҳар чӣ дар дуо мепурсед -бовар кунед, ки онро мегиред- ба шумо дода хоҳад шуд. 25 Вақте ки дуо мекунед, агар бар зидди касе чизе дошта бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари Осмонии шумо гуноҳҳои шуморо бибахшад. 26 Агар шумо набахшед, Падари шумо низ, гуноҳҳои шуморо нахоҳад бахшид. 27 Онҳо боз ба Иерусалим омаданд. Вақте ки Исо дар маъбад буд, саркоҳинон ,китобдонон ва пирон ба назди Ӯ омаданд 28 ва пурсиданд: " Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва ин қудратро кӣ ба Ту додааст то ки ин корҳоро бикунӣ?" 29 Исо ба онҳо ҷавоб дод: "Ман низ аз шумо як чизеро мепурсам. Агар шумо ба ман ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам. 30 Таъмиде ки Яҳёи таъмиддиҳанда медод, аз Худо буд ё аз одамон? Ба Ман ҷавоб диҳед". 31 Онҳо дар мобайни худ маслиҳат карда гуфтанд: " Агар аз осмон гӯем, пас Ӯ мепурсад, ки барои чӣ ба ӯ бовар накардед?" 32 Лекин онҳо "аз одамон" гуфтанро нахостанд, зеро аз мардум метарсиданд чунки ҳама бовар мекарданд, ки Яҳё ҳақиқтан пайғмбар буд. 33 Бо ҳамин сабаб онҳо ба Исо гуфтанд: "Мо намедонем" Он гоҳ, Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: "Ман ҳам ба шумо намеӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам".

Chapter 15

1 Саҳари барвақт, саркоҳинон,фарисиён, китобдонон ва тамоми шӯрои пирон қарор қабул карданд. Онҳо Исоро бастанд ва Ӯро ба назди Пилотус оварданд. 2 Пилотус аз Ӯ пурсид: "Ту Шоҳи яҳудиён ҳастӣ?" Исо ба ӯ ҷавоб дод: "Ту гуфти". 3 Саркоҳинон Исоро бисёр айбдор мекарданд. 4 Аз ин сабаб Пилотус боз аз Ӯ пурсид: "Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳи? мебини, ки чи қадар зиёд Туро айбор мекунанд" 5 Лекин Исо ба ин ҳам ҳеҷ ҷавобе надод, ва Пилотус аз ин дар ҳайрат монд. 6 Дар ин ид Пилотус як маҳбусеро, ки дар бораи он шахс халқ илтимос мекард, озод мекард. 7 Дар он вақт дар маҳбас Баррабос буд, ки дар вақти шӯриш бо шарикони худ одамкуши карда буд. 8 Бисёр одамон ҷамъ шуда аз Пилотус хоҳиш карданд, ки шахсеро аз ҳабсхона озод кунад. 9 Пилотус аз онҳо пурсид: "Мехоҳед, ки ман Шоҳи яҳудиёнро озод кунам?" 10 Чунки Пилотус медонист, ки саркоҳинон Исоро аз рӯи ҳасад дастгир карда буданд. 11 Лекин саркоҳинон мардумро барангехта буданд, ки аз Пилотус илтимос кунанд, то Бараббосро озод кунад. 12 Пилотус аз онҳо пурсид: "Пас бо Оне, ки шумо Шоҳи яҳудиён меномед, чи кор кунам?" 13 Ва онҳо дод мезаданд: "Ӯро маслуб кун". 14 Пилотус пурсид: "Ӯ чӣ кори баде карда аст?" вале онҳо боз бисёртар дод заданд: "Ӯро маслуб кун!" 15 Онгоҳ Пилотус барои ба мардум писанд омадан Баррабосро озод кард ва фармуд, ки Исоро бо қамчин зада баъд ба мехкӯбкуни супоранд. 16 Аскарон Исоро ба ҳавлии қаср яъне ба притория дароварданд ва тамоми қӯшунро ҷамъ карданд. 17 Онҳо ба Ӯ ҷомаи арғувони пӯшониданд, аз хор тоҷе бофта ба сараш ниҳоданд. 18 Ва Ӯро хайрумақдам мегуфтанд: " Хурсанд бош Шоҳи яҳудиен". 19 Онҳо Исоро ба сараш бо калтакҳо мезаданд, ва ба Ӯ туф карда, зону зада ба Ӯ саҷда мекарданд. 20 Вақте ки аз болои Ӯ тамасхур карданд, ҷомаи арғувонро аз Ӯ кашида либоси худашро пӯшонида барои маслубкуни гирифта бурданд. 21 Дар он вақт Шимъӯн, ки падари Искандар ва Руфус аз Қӯрин аз саҳро бармегашт. Вақте ки ӯ аз он роҳ мегузашт, ӯро дошта маҷбур карданд, ки салиби Исоро бардорад. 22 Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото ном дошт, ки маънояш "Косахонаи сар" аст. 23 Ба Ӯ шароби бо мур омехта шударо доданд, вале Ӯ онро начашид. 24 Аскароне, ки Исоро мехкӯб карданд, либоси Ӯро дар байни худ бо роҳи қуръапартои тақсим карданд, ки ба кӣ чӣ мерасад. 25 Вақте, ки Ӯро мехкӯб карданд, соат сеи руз буд. 26 Онҳо лавҳаеро тайёр карданд, ки дар он айбномаи Ӯро навишта буданд "Подшоҳи Яҳудиён" 27 Бо Исо ду роҳзанеро яке дар тарафи рост ва дигаре дар тарафи чапи Ӯ мехкӯб карданд. 28 Навиштае аз навиштаҷот иҷро шуд " Ва Ӯ аз ҷумлаи ҷинояткорон ҳисоб карда шуд". 29 Онҳое ки аз назди роҳ мегузаштанд, Ӯро дашном медоданд. Сар ҷунбонида масхаракунон мегуфтанд: " Ту мегуфти, ки маъбадро вайрон карда онро дар мобайни се рӯз бунёд мекуни! 30 Акнун худатро наҷот деҳ ва аз салиб фуруд ой" 31 Саркоҳинон бо китобдонон низ Ӯро тамасхур карда ба якдигар мегуфтанд: "Дигаронро наҷот медод лекин Худашро наҷот дода наметавонад, 32 Бигзор акнун Масеҳ, Шоҳи Яҳудиён аз салиб фуруд ояд то ки мо дида имон оварем". Инчунин он касоне, ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд. 33 Дар соати шашум тамоми заминро торики фаро гирифт ва он то соати нӯҳум давом кард. 34 Дар соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: "Элӯҳи, Элӯҳи, Ламма Сабақтани" ки маънояш чунин буд: " Худои Ман, Худои Ман ! Чаро Ту маро тарк кардаӣ"? 35 Якчанд нафароне ки дар наздики меистоданд, инро шунида гуфтанд: " Нигоҳ кунед, Ӯ Илёсро ҷеғ мезанад" 36 Яке аз онҳо исфанҷеро гирифта ба сирко тар карда ба болои чӯбе гузошта ба Исо дод то ки бинӯшад ва гуфт: " Бигзоред ки бубинем оё Илёс омада Ӯро аз салиб мегирад". 37 Исо бо овози баланд дод заду, ҷон дод. 38 Ва пардаи маъбад, аз боло то поён ба ду қисм пора шуд. 39 Мирисаде, ки дар рӯ ба рӯи Исо меистод, дид ки Ӯ чи хел ҷон дод ва гуфт: "Дар ҳақиқат ин одам Писари Худо буд". 40 Дар онҷо занҳое низ буданд, ки аз дур истода тамошо мекарданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Маряме ки модари Яъқуби хурди, Йисӯ ва Салӯмит буданд, 41 онҳое ки аз қафои Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, вақте ки Ӯ дар Ҷалил буд, дар онҷо бисёр одамоне буданд, ки ҳамроҳи Ӯ ба Иерусалми омада буданд. 42 Чун шом, бегоҳи шанбе буд. 43 Шахсе аз узви намоёни Шӯро, Юсуф аз Ҳаромот, ки худаш низ интизори Шоҳигарии Худо буд, омад. Ӯ ҷуръат кард ки назди Пилотус даромада ҷасади Исоро пурсад. 44 Пилотус дар ҳайрат монд, ки Исо аллакай мурдааст ва мирисадро пешаш ҷеғ зада аз ӯ пурсид, кай боз Ӯ мурдааст? 45 Пилотус аз мирисад фаҳмид ки Исо мурдааст, пас ҷасадро ба Юсуф дод. 46 Юсуф матои катони харида ҷасадро аз салиб фуровард, ӯ ҷасади Исоро ба катон печонида ба қабр гузошт, ки дар сахра тарошида шуда буд. Ба даҳони он қабр ӯ санги калоне ғелонид. 47 Марями Маҷдалия ва Марями модари Йисӯ, ҷои ҷасади Исо гузошта шударо диданд.

Chapter 16

1 Баъди рӯзи шанбе Марями Маҷдалия ва Марями модари Яъқуб ва Салӯмит равғани хушбӯй хариданд то ки рафта ба бадани Исо моланд. 2 Саҳарии барвақт рӯзи якуми ҳафта, вақти баромадани офтоб онҳо ба қабр омаданд. 3 Онҳо аз якдигар пурсиданд: "Кӣ ба мо сангро аз дари қабр меғелонад?" 4 Вақте ки онҳо назар карданд, диданд ки он ғелонда шуда буд, ҳол он ки санг хеле калон буд. 5 Вақте ки онҳо ба қабр даромаданд, диданд ки аз тарафи рост ҷавоне дар тан либоси сафед пӯшида буд, нишастааст. Онҳо сахт тарсиданд. 6 Аммо ӯ ба онҳо гуфт: "Натарсед. Шумо Исои Носирии маслубшударо меҷӯед? Ӯ дар ин ҷо нест. Ӯ эҳё шуд. Ин аст он ҷое, ки Ӯ хобида буд. 7 Акнун рафта ба шогирдони Ӯ ва Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил равона шудааст. Чӣ хеле ки Ӯ ба шумо гуфта буд, Ӯро дар онҷо мебинед". 8 Онҳо ҳаросон ва сахт дар ҳайрат буда , аз қабр баромада, давиданд. Онҳо ба ҳеҷ кас ҳеҷ чизеро нақл накарданд, чунки метарсиданд. 9 Саҳарии рӯзи якуми ҳафта, Исо эҳё шуда, аввал ба Марями Маҷдалия зоҳир шуд, ки аз ӯ як вақте ҳафт девро ронда буд. 10 Ӯ рафт ва ба онҳое, ки бо Исо буданд, нақл кард. Онҳо ғамгин буданд ва гиря мекарданд, 11 аммо чун шуниданд, ки Исо зинда аст ва вай Ӯро дидааст, ба ӯ бовар накарданд. 12 Баъд аз он Исо дар сурати дигар боз ба ду нафари онҳо, ки ба деҳа мерафтанд зоҳир шуд. 13 Онҳо баргашта ба дигарон дар бораи ин нақл карданд, аммо онҳо ба инҳо низ бовар накарданд. 14 Баъд Исо ба ёздаҳ шогирдонаш , вақте ки онҳо дар сари дастархон нишаста буданд зоҳир шуд. Ӯ онҳоро ба сахтдили ва беимониашон сарзаниш кард, чунки ба онҳое ки Ӯро эҳёшуда дида буданд, бовар накарданд 15 Исо ба онҳо гуфт: "Ба тамоми олам биравед, ва Хушхабарро ба ҳамаи одамон нақл кунед. 16 Ҳар касе, кӣ имон меорад ва таъмид мегирад, наҷот меёбад, ҳар касе, кӣ имон намеорад, маҳкум мешавад. 17 Ва чунин аломотҳо имондоронро ҳамроҳи мекунанд: Бо номи Ман онҳо девҳоро меронанд, бо забонҳои нав сухан мегӯянд. 18 Морро ба даст гиранд ва агар онҳо ягон чизи марговарро нӯшанд, ин ба онҳо зарар намерасонад, даст ба беморон гузоранд ва онҳо сиҳат мешаванд". 19 Баъди сӯҳбат бо онҳо Худованд Исо ба осмон бардошта шуд ва аз тарафи рости Худо нишаст. 20 Ва шогирдон рафта Хушхабарро дар ҳама ҷо нақл мекарданд. Ва дар ҳама ҷое ки Хушхабаро нақл мекарданд, Худованд онҳоро дастгирӣ мекард ва суханони онҳоро бо аломотҳо тасдиқ мекард.