тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎: Unlocked Literal Bible

Updated ? hours ago # views See on DCS

ОТ ИОАННА

Chapter 1

1 Дар аввал Калом буд, Калом дар назди Худо буд. 2 Ва Калом Худо буд. 3 Ҳамааш бо воситаи Ӯ ба вуҷуд омад ва бе Ӯ ҳеҷ чиз вуҷуд надошт, ҳар он чи вуҷуд ёфт. 4 Дар Ӯ ҳаёт буд ва ҳаёт нури одамон буд. 5 Нур дар торики медурахшид ва торики нурро фурӯ бурда натавонист. 6 Аз тарафи Худо шахсе фиристода шуд, ӯ Яҳё ном дошт. 7 Ӯ омад, ки дар бораи Нур шаҳодат диҳад, то ин ки одамон ба воситаи ӯ бовари ҳосил кунанд. 8 Худи Яҳё Нур набуд балки фиристода шуд, ки дар бораи Нур шаҳодат диҳад. 9 Нури ҳақиқӣ буд, ки ҳар як одами дар рӯи замин таввалуд шударо равшан мегардонад. 10 Ӯ дар ҷаҳон буд ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ вуҷуд доштанро сар кард, лекин чахон Ӯро нашинохт. 11 Ӯ ба назди худиҳо омад, лекин худиҳо Ӯро қабул накарданд. 12 Аммо ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо бошанд, 13 ки онҳо на аз хун ё ин ки на аз хоҳиши мард, балки аз Худованд таввалуд шудаанд. 14 Калом ҷисм гашт ва пур аз файзу хақиқат бо мо буд. Мо ҷалоли Ӯро дидем , ки ҳамчун ҷалоли писари Ягонаи Падар аст . 15 Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат дода эълон мекард: " Ин Ҳамоне аст, кӣ дар бораи Ӯ ман гуфтам, Касе ки аз қафои ман меомад, лекин аз ман пеш гузашт, чунки пеш аз ман ҳам вуҷуд дошт. 16 Аз комилии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз гирифтем. 17 Зеро ки шариат ба воситаи Мӯсо дода шудааст, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ ба вуҷуд омадааст. 18 Худоро ҳеҷ кас, ҳеҷ вақт надидааст - Ӯро ба мо Писари Ягонааш нишон дод, ки доим дар дохили Падар буд. 19 Ана ин буд шаҳодати Яҳё, ба коҳинону левизодагоне, ки аз Ерусалим ба наздаш фиристода шуда буданд то ки аз ӯ пурсанд:"Ту кӣ ҳасти?" 20 Ӯ иқрор шуд ва тасдиқ кард: "Ман Масеҳ нестам". 21 Аз ӯ пурсиданд: " Ту ки ҳасти? Илёс?" Ӯ гуфт: "Не". "Набӣ?" ҷавоб дод: "Не". 22 Онгоҳ онҳо пурсиданд: "Ту кӣ ҳастӣ? Ва ба фиристодагонамон чӣ ҷавоб диҳем: дар бораи худат ба мо чӣ гуфта метавонӣ?" 23 Ӯ дар ҷавоб гуфт: " Ман овози нидо кунанда дар биёбон ҳастам: "роҳро барои Худованд тайёр кунед, чунон ки Ишайёи набӣ мегуяд". 24 Фиристодашудагон, фарисиён буданд. 25 Онҳо аз ӯ пурсиданд : "Агар ту Масеҳ набошӣ,на Илёс ва на набӣ, пас барои чӣ ту таъмид медиҳӣ?" 26 Яҳё дар ҷавоб гуфт : "Ман дар об таъмид медиҳам, лекин Шахсе дар байни шумоён ҳаст, ки Ӯро шумоён намешиносед. 27 Ӯ аз паси ман меомад аз ман пеш гузашт. Ман сазовор нестам ки бандҳои пойафзолашро бикушоям". 28 Ин ҳодиса дар Байт-Абора, дар дарёи Ӯрдун ба вуқуъ омада буд, ки Яҳё дар он ҷо таъмид медод . 29 Рузи дигар Яҳё дид, ки Исо ба наздаш омада истодааст ва онгоҳ гуфт: " Ин аст Барраи Худо, Кӣ гуноҳи тамоми ҷаҳонро ба Худаш мегирад. 30 Дар бораи Ӯ мегуфтам: " Он Кӣ пас аз ман меояд аз ман пеш гузашт, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт". 31 Ман Ӯро намешинохтам, ба ҳар ҳол омадаам, ки бо об таъмид диҳам, то ин ки Ӯ ба халқи Исроил аён гардад". 32 Яҳё шаҳодат медод : " Ман Рӯҳро дидам, ки аз осмон ҳамчун кабӯтар нозил шуд ва дар Ӯ бимонд. 33 Ман Ӯро намешинохтам, лекин Шахсе Кӣ маро барои дар об таъмид додан фиристод, ба ман гуфт: " Агар Касеро бубинӣ ,ки Рӯҳ аз осмон ба Вай нозил шавад ва дар Ӯ бимонад, Ӯ ҳамон аст, ки бо Рӯҳи Муққадас таъмид медиҳад." 34 Ман инро дидам ва шаҳодат додам, ки Ӯ- Писари Худо аст". 35 Рӯзи дигар Яҳё бо ду шогирдаш меистод. 36 Ҳангоме ки Яҳё, Исои омадаистодаро дид, ӯ гуфт: "Ана Барраи Худо". 37 Вақте ки ду шогирдон ин суханонро шуниданд, аз қафои Исо рафтанд. 38 Исо ба ақиб нигоҳ кард ва дид, ки онҳо аз қафои Ӯ меоянд. Ӯ аз онҳо пурсид : "Ба шумоён чӣ лозим аст?" Онҳо ба Ӯ ҷавоб доданд: "Устод, дар куҷо истиқомат мекунӣ?" 39 "Рафтем ва худатон мебинед", - гуфт Ӯ дар ҷавоб ба онҳо. Онҳо рафта дар куҷо зиндагӣ кардани Исоро диданд ва то охири рӯз бо Ӯ бимонданд. Тақрибан соати даҳум буд. 40 Яке аз ду нафароне, ки дар бораи Исо, аз Яҳё шунида буданд, Андрей ном дошт, ки у бародари Шимъӯни Петрус буд. 41 Андрей аввалин шуда бародараш Шимъӯнро ёфт ва ба вай гуфт: " Мо Тадҳиншудаи Худоро ёфтем". 42 Андрей, Шимъӯнро ба назди Исо овард. Исо ба Шимъӯн нигоҳ карда гуфт: "Ту - Шимъӯн, писари Юҳанно, лекин туро Кифо хоҳанд номид, ки маънояш "Санг" (Петрус) аст." 43 Рӯзи дигар Исо хост, ки ба Ҷалил равад. Исо Филиппусро ёфт ва ба ӯ гуфт: "Биё бо Ман". 44 Филип, Андрей ва Петрус аз як шаҳр буданд - аз Байтсадо . 45 Филипус Натонаилро ёфт ва ба ӯ гуфт : "Мо Ҳамонеро ёфтем, ки дар борааш Мӯсо ва набиён дар Таврот навишта буданд. Ин Исо аз Носира, писари Юсуф аст". 46 Лекин Натонаил аз ӯ пурсид: "Оё, ягон чизи хуб аз Носира шуда метавонад?" Филипус дар ҷавоб гуфт : "Бирав ва бубин". 47 Исо, Натонаили ба наздаш омадаистодаро дида гуфт: "Ана исроилии ҳақиқие, ки дар дилаш маккорӣ надорад". 48 Натонаил аз Исо пурсид: "Ту маро аз куҷо мешиносӣ?" Исо ба ӯ ҷавоб дод: "Пеш аз Филипус туро даъват карданаш, Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам". 49 Онгоҳ Натонаил ба Ӯ гуфт: "Устод! Ту - Писари Худо, Ту - Подшоҳи Исроил". 50 Исо ба ӯ ҷавоб дод: "Ту бовар карди зеро, ки Ман ба ту гуфтам:" Ман туро дар зери анҷир дидам" - аз ин ҳам зиёдтар хоҳи дид!" 51 Ва боз ба ӯ гуфт : "Рости ба рости ба шумоён мегуям: минбаъд осмонро кушода хоҳед дид ва чӣ тавр фариштагони Худо, ба назди Писари Одам фуруд ва сууд мекунанд".

Chapter 2

1 Дар рузи сеюм дар шаҳри Қонои Ҷалил тӯй баргузор гардид, ки дар он ҷо модари Исо буд. 2 Инчунин дар ин тӯй Исо ҳамроҳи шогирдонаш даъват карда шуда буданд. 3 Ҳангоми ки шароб тамом шуд, модари Исо ба Ӯ гуфт: "шароби онҳо тамом шуд". 4 Исо ба ӯ ҷавоб дод: " Маро ба ин чи кор аст, эй зан? ҳанӯз вақти ман наомадааст". 5 Модари Исо ба хизматгорон гуфт: "он чизе ки Ӯ ба шумо мефармояд иҷро кунед". 6 Дар он ҷо шаш зарфи санги буд, ки ғунчоиши ҳар яки он ду-се андоза буд, ки барои урфу одати яҳудиён барои пок шудан истифода мебурданд. 7 Исо ба онҳо гуфт: "зарфҳоро бо об пур кунед". Вақте ки онҳо зарфҳоро лабрез кардан, 8 Исо ба онҳо гуфт: "Акнун инро кашед ва ба сардори базм баред". Онҳо бурданд. 9 Сардори базм намедонист, ки шароб аз куҷост, инро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд. Ҳангоме,ки сардори базм оби ба шароб табдил шударо чашид, домодро даъват кард. 10 Ва ба ӯ гуфт: "ҳар як одам аввал шароби хубро медиҳад, ва вақте ки маст мешаванд-шароби бадро медиҳанд, аммо ту боши шароби хубро то ин дам нигоҳ дошти". 11 Ин буд аввалин мӯъҷизаи Исо дар Қонои Ҷалил ва ҷалоли Худро нишон дод. Шогирдонаш ба Ӯ бовар карданд. 12 Баъд аз он Ӯ, бародарон, шогирдон ва модараш ба шаҳри Кофарнаҳум омада дар он ҷо як чанд рӯз монданд. 13 Иди фатири яҳудиён наздик омада буд. Исо ба Ерусалим омад. 14 Ва дид,ки дар маъбад барзаговон, гӯсфандон ва кабӯтаронро хариду фурӯш мекунанд ва одамонеро ки дар онҷо нишаста пул иваз мекарданд. 15 Исо арғамчинро гирифта қамчин сохт ва ҳамаи барзагов ва гӯсфандон ва ҳамаи одамонро аз маъбад пеш кард. Ӯ мизи сарофонро чапа карда пули онҳоро чош кард. 16 Исо ба онҳое, ки кабӯтар мефурӯхтанд гуфт: "Инҳоро аз инҷо гиред. Ва хонаи Падари Маро ба хонаи хариду фурӯш табдил надиҳед". 17 Онгоҳ шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: "Рашки хонаи Ту Маро мехӯрад". 18 Ба ин яҳудиён гуфтанд: "Бо кадом аломот Ту ба мо исбот мекуни, ки ҳаққи чунин рафторо дори?" 19 Исо ҷавоб дод: "Ин маъбадро вайрон кунед ва ман онро дар се рӯз барқарор мекунам". 20 Ба ин яҳудиён пурсиданд: "Ин маъбад дар чилу шаш сол сохта шудааст, вале Ту мегӯи ки дар се рӯз барқарор мекуни?". 21 Исо дар бораи маъбади бадани Худ мегуфт. 22 Ва вақте ки Ӯ аз мурдагон эҳё шуд, шогирдон ба хотир оварданд, ки Исо дар бораи ин гуфта буд ва ба Навиштаҷот ва суханоне,ки Ӯ гуфт бовар карданд. 23 Вақте, ки Исо дар иди фатир дар Ерусалим буд, бисёр одамоне, ки ин мӯъҷизаҳои кардаи Ӯро диданд ба исми Ӯ имон оварданд. 24 Вале худи Исо ба онҳо бовар намекард, барои он, ки онҳоро медонист. 25 Ба Ӯ лозим набуд, то ки касе дар бораи дигар одам нақл кунад, чунки Худи Исо медонист, ки чи дар одам аст.

Chapter 3

1 Дар байни фарисиён яке сардорони Яҳуди шахсе бо номи Ниқодимус буд. 2 Вай шабона назди Исо омада аз Ӯ гуфт: "Устод! мо медонем, ки Ту муаллиме, ки аз ҷонибӣ Худо омадаи, чунки мӯъҷизаҳое, ки Ту мекунӣ ҳеҷ кас карда наметавонад агар Худо бо Ӯ набошад" 3 Исо дар ҷавоб гуфт: "Ба ростӣ ба ростӣ ба ту мегӯям ҳар касе, ки аз олами боло таваллуд нашавад Подшоҳии Худоро дида наметавонад". 4 Ниқодимус аз Ӯ пурсид: "чӣ тавр инсон тавалуд меёбад агар ӯ пир бошад? Наход, ки ӯ тавонад боз ба шиками модараш даромада дубора таваллуд шавад. 5 Исо дар ҷавоб гуфт: "Ба ростӣ ба ростӣ ба ту мегӯям ҳар касе, ки аз об ва Рӯҳ тавалуд нашавад ба Подшоҳии Худо дохил шуда наметавонад. 6 ҳар касе, ки аз ҷисм таваллуд ёфтааст ҷисм аст, ва ҳар касе, ки аз Рӯҳ таваллуд мешавад Рӯҳ аст. 7 Ба сухани Ман, ки ба ту гуфтам ҳайрон нашав.: "шумо бояд, ки аз олами боло таваллуд ёбед". 8 Рӯҳ ҳар ҷое, ки мехоҳад нафас мекашад, ва овози вайро мешунавӣ лекин намедони ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. бо ҳар шахсе, ки аз ҷонибӣ Рӯҳ таваллуд ёфтааст инчунин мешавад 9 Ниқодимус аз Ӯ пурсид: "Ин чӣ тавр мешавад?" 10 Исо дар ҷавоб гуфт: "Ту ки устоди Исроил ҳастӣ ва инро намедонӣ?" 11 Ба ростӣ ба ростӣ ба ту мегӯям мо дар бораи он чизе, ки медонем сухан меронем ва дар бораи он чӣ дидаем шаҳодат медиҳем вале шумоён ин шаҳодати моро қабул намекунед 12 Агар ман ба шумо дар бораи чизҳои замини гуфта бошам ва шумоён бовар накунед, пас чӣ тавр вақте ки дар бораи чизҳои осмонӣ гӯям бовар хоҳед кард?. 13 ҳеҷ кас ба осмон набаромадаст ба ғайр аз Писари Одам, ки дар осомн буд ва ба замин фуруд омад. 14 Чӣ тавре, ки Мӯсо морро дар биёбон бардошт, ҳамон тавр Писари Одам низ бояд бардошта шавад. 15 То ҳар касе, ки ба Ӯ имон оварад намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад. 16 Зеро Худо ин ҷаҳонро ончунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худро дод то ҳар касе, ки ба Ӯ имон овард намирад балки ҳаёти абадӣ дошта бошад. 17 Зеро Худо ба ин ҷаҳон Писари Худро на барои доварӣ кардан фиристонд балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Вай наҷот ёбад. 18 ҳар касе, ки ба вай имон оварад доварӣ намешавад лекин касе, ки имон наоварад алакай маҳкум шудааст, барои ки ба номи Писари Ягонаи Худо имон наовардааст 19 Доварӣ дар он аст, ки нур ба ҷаҳон омад валекин одамон торикиро бештар дӯст доштан, барои ки корҳои онҳо бад буд. 20 чунки ҳар касе, ки бади мекунад аз нур нафрат дорад, ва ба назди нур намеояд то ки корҳои бади вай маълум нашавад. 21 Он касе, ки аз рӯи ростӣ рафтор мекунад назди нур меояд то ки корҳои вай намоён гардад барои ки корҳои онҳо дар Худо анҷом дода шудаанд. 22 Баъд аз ин Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба сарзамини Яҳудия рафт ва дар он ҷо зиндагӣ мекард ва таъмид медод. 23 Ҳамчун Яҳё низ дар Энӯн наздикии шаҳри Салим ҷое, ки об бисёр буд таъмид медод. он ҷо омада таъмид мегирифтанд 24 чунки Яҳё ҳоло дар зиндон андохта нашуда буд 25 дар он вақт байни яҳудиён ва шогирдони Яҳё баҳс дар бораи покшавӣ ба миён омад. 26 Шогирдон назди Яҳё омада ба ӯ гуфтанд: "Эй устод! Он шахсе, ки ҳамроҳи ту дар назди дарёи Ӯрдун буд ва ту дар борааш шаҳодат доди Ӯ ҳамаро таъмид медиҳад ва ҳама ба сӯи Ӯ мераванд". 27 Яҳё дар ҷавоб гуфт: "Инсон ҳеҷ чизро ба дӯши худ гирифта наметавонад агар ин ба Ӯ аз осмон ато нашуда бошад: 28 "Худи шумо шоҳид ҳастед, ки ман гуфтаам бу : "Ман Масеҳ нестам, аммо пешопеши Ӯ фиристода шудаам" 29 Домод он шахсе, ки арӯс дорад вале дӯсти ӯ, ки истодааст ва бодиққат овози домодро гӯш карда аз хурсандӣ пур мешавад . Ана аунун ман бо ин хурсандӣ пур шудаам. 30 Ӯ бояд, ки бузургтар шавад ва ман пастар. 31 Он касе, ки аз олами боло меояд, аз ҳама бузургтар аст аммо касе, ки аз ин ба замин таалуқ дорад замин аст ва ҳамчун замини сухан меронад Он касе ки аз осмон меояд аз ҳама бузургтар аст. 32 вай дар бораи он чӣ дидааст ва шунидааст шаҳодат медиҳад лекин ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад. 33 ва ҳар касе ки шаҳодати Ӯро қабул кардааст бо ҳамин тасдиқ мекунад, ки Худо ҳақ аст. 34 Он касеро ки Худо фиристонд суханони Худоро мегӯяд, чунон ки Худо Рӯҳи Худ бо ченак ато мекунад 35 Падар Писаррро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст. 36 Он касе, ки ба Писар имон дорад ҳаёти абадӣ дорад ва шахсе ки ба Писар имон надорад ҳаётро намебинад, лекин ғазаби Худо дар вай мемонад.

Chapter 4

1 Вақте Исо фаҳмид, ки ба фарисиён овозаи нисбати Яҳё бештар пайдо кардани шогирдон ва таъмид додани Ӯ расидааст,- 2 ҳарчанд Худи Исо таъмид намедод, балки шогирдони Ӯ, - 3 Аз ин сабаб Ӯ Яҳудоро тарк карда, боз ба Ҷалил рафт. 4 Ба Исо лозим буд, ки аз Сомария гузарад. 5 Дар Сомария Ӯ ба назди шаҳре омад, ки Суҳар ном дошт. Ин шаҳр дар наздикии қитъаи замине, ки Яъқуб ба Юсуф дода буд воқеъ буд. 6 Дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд. Аз роҳ монда шуда, Исо дар назди чоҳ нишаст. Наздикии соати шашум буд. 7 Ба он ҷо сомаризане барои аз чоҳ об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: "ба Ман об барои нӯшидан деҳ",- 8 барои он, ки шогирдони Ӯ ба шаҳр хӯрокахарӣ рафта буданд. 9 Сомаризан аз Ӯ пурсид: "чӣ хел Ту кӣ яҳудӣ ҳастӣ аз ман об мепурсӣ? зеро яҳудиён бо сомариён гап намезананд". 10 Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: "агар ту тӯҳфаи Худоро ва Кӣ ба ту мегӯяд: "ба Ман об деҳ" медонистӣ, худат аз Ӯ мепурсидӣ ва Ӯ ба ту оби ҳаётро медод". 11 Зан ба Ӯ гуфт: "Ҷаноб! аз куҷо Ту оби ҳаёт дорӣ, ҳангоме кӣ Ту ҳатто зарфе барои обкашӣ надорӣ, вале чоҳ чуқур аст? 12 Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар ҳастӣ, ки ӯ ба мо ин чоҳро дод ва ҳам худаш, фарзандонаш ва чорвояш аз он об менӯшиданд"? 13 Исо ба вай ҷавоб дод: "ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна мемонад, 14 вале касе аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам бинӯшад ҳаргиз ташна намемонад, балки он обе ки ман ба ӯ медиҳам, дар вай ба чашмае мубаддал мегардад, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ ҷорӣ мешавад". 15 Зан ба Ӯ гуфт: "Ҷаноб! ба ман аз он об бидеҳ, то ки ман дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои обкашӣ наоям" 16 Исо ба вай гуфт: "рафта шавҳаратро даъват кун ва ба ин ҷо биё". 17 Зан дар ҷавоб гуфт: "ман шавҳар надорам". Исо ба вай гуфт: "ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ. 18 Зеро ки ту панҷ шавҳар доштӣ ва оне ки ҳоло бо туст, шавҳари ту нест. Инро ту аз рӯи адолат гуфтӣ". Зан ба Ӯ гуфт: 19 "Ҷаноб! мебинам ки Ту пайғамбарӣ, 20 Падарони мо дар ин куҳ саҷда мекарданд, вале шумо мегӯед, ки ҷои саҷда дар Ерусалим аст". 21 Исо ба вай гуфт: "Ба ман бовар кун, замоне фаро мерасад, ки Падарро на дар ин куҳ ва на дар Ерусалим саҷда мекунед. 22 Шумо намедонед ба чӣ саҷда мекунед, вале мо медонем ба чӣ саҷда мекунем, чунки наҷот - аз яҳудиён аст. 23 Вале замоне меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар руҳ ва ростӣ саҷда хоҳанд кард, чунки Падар барои Худ чунин пайравонро меҷӯяд. 24 Худо руҳ аст ва онҳое кӣ ба Ӯ саҷда мекунанд, бояд дар руҳу ростӣ саҷда кунанд". 25 Зан ба Ӯ гуфт: "медонам, ки Таъиншуда меояд, ки Ӯро Масеҳ меноманд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чиро ба мо мефаҳмонад". 26 Исо ба ӯ гуфт: "ин Манам,- Оне ки бо ту гуфтугӯ дорам". 27 Дар ин вақт шогирдонаш омаданд ва аз он, ки Ӯ бо зане гуфтугӯ мекард, ҳайрон шуданд. Вале ҳеч каси онҳо аз Ӯ напурсид: " Ту чӣ мехоҳӣ?" ё "дар бораи чӣ бо вай гап мезанӣ"? 28 Он гоҳ зан зарфи обкашиашро гузошта ба шаҳр рафт. Вай ба одамон гуфт: 29 "Биравед, ба одаме нигох кунед, ки ба ман дар бораи ҳар он чӣ кардаам гуфт: оё Вай Масеҳ нест"? 30 Одамон аз шаҳр баромада ба назди Ӯ рафтанд. 31 Дар ин вақт шогирдонаш аз Ӯ илтимос карданд: "Устод хӯрок хӯр". 32 Вале Ӯ ба онҳо гуфт: "Ман хӯроке дорам, ки дар бораи он шумо намедонед". 33 Барои ҳамин шогирдон аз ҳамдигар мепурсиданд: "мумкин касе ба Ӯ хӯрок овардааст?" 34 Исо ба онҳо гуфт: "Хӯроки Ман,- ин иродаи Онеро ки Маро фиристодааст иҷро кардан ва корҳои Ӯро ба амал овардан аст. 35 Шумо мегӯед, ки боз чор моҳ мегузарад ва вақти дарав меояд. Вале Ман ба шумо мегӯям: чашмонатонро боло бардошта ба ҳосил нигоҳ кунед, ки чӣ хел онҳо сафед шуда ба дарав тайёр шудаанд. 36 Даравгар мукофот мегирад ва меваҳоро барои ҳаёти абадӣ ҷамъ мекунад, барои ҳамин ҳам он касе кӣ мекорад, ва он касе кӣ дарав мекунад, якҷоя хурсандӣ мекунанд. 37 Дар ин ҳолат ин сухан дуруст аст: "яке мекорад, вале дигаре дарав мекунад". 38 Ман шуморо барои он фиристодам, то ҳосилеро ҷамъ кунед, ки барои он меҳнат накарда будед. Дигарон меҳнат карданд, вале шумо меваи меҳнати онҳоро ҷамъ мекунед. 39 Мувофиқи суханони он зан, ки чунин шаҳодат дод: "Исо ба вай дар бораи ҳар он чӣ вай кард, нақл кард", сомариёни бисёре аз он шаҳр ба Ӯ имон оварданд. 40 Барои ҳамин вақте ки сомариён ба назди Исо омаданд, аз Ӯ илтимос карданд, то дар назди онҳо бимонад. Исо дар он чо ду рӯз монд. 41 Боз бештар одамон аз рӯи суханони Ӯ имон оварданд. 42 Вале ба он зан гуфтанд: "акнун на аз рӯи гуфтаи ту бовар мекунем, вале барои он, ки худамон шунидем ва донистем, ки Ӯ Масеҳ - Наҷотдиҳандаи ҳақиқии ҷаҳон аст". 43 Пас аз гузаштани ду рӯз, Ӯ аз он ҷо баромада ба Ҷалил рафт. 44 Исо Худаш шаҳодат дод, ки пайғамбар дар ватанаш иззат надорад. 45 Вақте ки Исо ба Ҷалил омад, ҷалилиёне, ки ба ид рафта буданд, Ӯро қабул карданд, зеро ҳамаи он чиро ки Ӯ дар Ерусалим ба амал овард дида буданд. 46 Он вақт Исо боз ба Қонои Ҷалил омад, ки дар он ҷо обро ба шароб мубаддал карда буд. Дар Кофарнаҳум як хизматчии подшоҳ буд ва писари вай бемор буд. 47 Вай аз Яҳудо ба Ҷалил баргаштани Исоро шунида, ба назди Ӯ омад ва илтимос кард, ки омада писари уро, ки наздики марг буд шифо диҳад. 48 Исо ба вай гуфт: "агар шумо аломатҳо ва муъҷизаҳоро набинед, бовар намекунед". 49 Хизматчии подшоҳ ба Исо гуфт: "Худовандо! Пеш аз он ки писарам бимирад, биё". 50 Исо ба ӯ гуфт: "бирав писари ту солим аст". Вай ба сухане ки Исо ба ӯ гуфт бовар кард ва рафт. 51 Дар роҳ хизматгоронаш бо ӯ вохӯрда гуфтанд: "писари ту шифо ёфт". 52 Ӯ аз онҳо пурсид: "дар кадом соат ҳолати вай беҳтар шуд?" Ба ӯ гуфтанд: "дирӯз дар соати ҳафтум табларза ӯро вогузошт". 53 Аз ин падар фаҳмид, ки ин дар он соате буд, ки Исо ба вай гуфт: "писари ту солим аст"; ва ҳам худаш ва аҳли оилааш имон оварданд. 54 Ин мӯъҷизаи дуюме буд, ки Исо аз Яҳудо ба Ҷалил баргашта ба амал овард.

Chapter 6

1 Баъд аз он Исо ба дигар тарафи баҳри Ҷалил дар атрофи Табария гузашт. 2 Бисёр одамон аз қафои Ӯ рафтанд, барои он ки мӯъҷизаҳои Ӯро, ки дар шифо додани беморон аён мегаштанд, медиданд. 3 Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба болои кӯҳ баромада, дар он ҷо нишаст. 4 Иди Фисҳи яҳудиён наздик мешуд. 5 Исо чашмони худро боло бардошта дид, ки мардуми бисёр наздаш меоянд ва Ӯ аз Филиппус пурсид: "Аз куҷо нон бихарем, то ки онҳоро сер бикунем?" 6 Исо инро барои озмудани ӯ гуфт; зеро худаш медонист, ки чӣ бояд кард. 7 Филиппус ба Ӯ ҷавоб дод: "Барои он ки ба ҳар яке аз онҳо камтар нон бирасад, дусад динор ҳам камӣ мекунад". 8 Яке аз шогирдони Ӯ Андриёс, ки бародари Шимъӯни Петрус буд, ба Ӯ гуфт: 9 "Дар инҷо як писарбачае ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад, лекин ин чист ба ин шумораи мардум?" 10 Исо гуфт: "Ба мардум бигӯед, ки биншинанд". Дар он ҷо сабза зиёд буд. Ва мардуме, ки дар он ҷо нишастанд, наздики панҷ ҳазор нафар буданд. 11 Исо нонҳоро гирифта, Худоро шукргузорӣ кард, ва ба шогирдони Худ дод, ва шогирдон ба мардуми нишаста доданд, ва ҳамчунон моҳиро, ҳар қадаре ки мардум мехостанд, ба онҳо доданд. 12 Ҳангоме ки онҳо сер шуданд, Исо ба шогирдони Худ гуфт: "Боқимондаи ғизоро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад". 13 Аз онҳое ки хӯрданд, боқимондаи нонҳоро аз панҷ нони ҷав дувоздаҳ сабад пур карданд. 14 Он гоҳ одамоне, ки ин мӯъҷизаи Исоро диданд, гуфтанд: "Дар ҳақиқат ин ҳамон Пайғамбарест, ки мебоист ба ҷаҳон биёяд". 15 Ҳангоме Исо фаҳмид, ки омада, Ӯро гирифта, подшоҳ таъин карданӣ ҳастанд, Ӯ боз ба кӯҳ рафт. 16 Вақте ки шом шуд, шогирдон назди баҳр фаромаданд. 17 Ба қаиқ нишаста, дигар тараф, Ба Кофарнаҳум гузаштанд. Торикӣ фаро мерасид, аммо Исо назди онҳо намеомад. 18 Шамоли сахт мевазид, ва дар баҳр мавҷҳои калон буданд. 19 Ҳангоме ки онҳо масофаи тақрибан бисту панҷ ё сӣ стадияро тай карданд, онҳо Исоро диданд, ки дар баҳр қадам зада, ба сӯи қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд. 20 Вале Ӯ ба онҳо гуфт: "Ин Ман, натарсед". 21 Онҳо мехостанд Ӯро ба қаиқ савор кунанд ва ҳамон лаҳза қаиқ ба соҳиле, ки ба сӯи он онҳо шино мекарданд, расид. 22 Дар рӯзи дигар мардуме, ки дар он тарафи соҳил буданд, диданд, ки дар он ҷо фақат як қаиқе буд, ки шогирдони Исо ба он даромада буданд, ва Исо ба он қаиқ бо шогирдони Худ савор нашуда буд, балки шогирдони Ӯ танҳо рафта буданд. 23 Дар ин байн дигар қаиқҳо аз Табария омаданд. Ин қаиқҳо ба он ҷое наздик буданд, ки онҳо он ҷо он нонеро, ки Худованд баракат дода буд, хӯрда буданд. 24 Вақте мардум диданд, ки дар он ҷо на Исо ва на шогирдонаш ҳастанд, он гоҳ онҳо ба қаиқҳо савор шуда, барои ҷустуҷӯй кардани Исо ба Кофарнаҳум шино карда омаданд. 25 Вақте ки Ӯро дар дигар тарафи соҳил ёфтанд, аз Ӯ пурсиданд: "Устод! Кай Ту ба инҷо омадӣ?" 26 Исо дар ҷавоб гуфт: "Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо Маро на аз барои он ки мӯъҷиза дидед, меҷӯед , балки барои он ки нон хӯрдед ва сер шудед. 27 Дар бораи хӯроки ҷисмонӣ кӯшиш накунед, балки дар бораи хӯроке, ки Писари Одамизод ба шумо медиҳад, ки он дар ҳаёти абадӣ боқӣ мемонад, чунки Худои Падар бар Ӯ мӯҳри Худро гузоштааст". 28 Он гоҳ онҳо аз Ӯ пурсиданд: "Мо чӣ кор кунем, то ки корҳои Худоро ба ҷо оварем?" 29 Исо ба онҳо ҷавоб дод: "Ана корҳои Худо: ба он Касе, ки Ӯ фиристод, имон оваред". 30 Ба ин онҳо аз Ӯ пурсиданд: "Ту кадом аломотро нишон медиҳӣ, ки мо онро дида, ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор карда метавонӣ? 31 Падарони мо дар биёбон манн хӯрданд, чунон ки навишта шудааст: "Нонро аз осмон ба онҳо ато кардааст". 32 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: "Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: на Мӯсо бар шумо нон аз осмон додааст, балки Падари Ман ба шумо нони ҳақиқиро аз осмон медиҳад. 33 Зеро ки нони Худо Онест, ки аз осмон меояд ва ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад". 34 Ба ин онҳо ба Ӯ гуфтанд: "Худовандо! Ҳамеша ба мо аз ин нон бидеҳ". 35 Исо дар ҷавоб гуфт: "Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе, ки ба назди Ман меояд, ҳаргиз гурусна намемонад, ва ҳар касе, ки ба Ман бовар мекунад, ҳеҷ вақт ташна намемонад. 36 Ман ба шумо гуфтам, ки шумо Маро дидаед, лекин ба Ман бовар намекунед. 37 Ҳама, он чизе ки Падар ба Ман медиҳад, назди Ман меояд, ва ҳар касе, ки назди Ман меояд, Ман намеронам, 38 Ман на барои он аз осмон нозил шудаам, ки иродаи Худамро иҷро кунам, балки барои он ки иродаи Падарро, ки Ӯ Маро фиристодааст, иҷро намоям. 39 Иродаи Падар, фиристодаи Ман дар он аст, ки ҳеҷ касе, ки Ӯ ба Ман супоридааст, талаф нашавад, балки дар рӯзи охирин дубора зинда шавад. 40 Иродаи Фиристодаи Ман дар он аст, ки ҳар касе Писарро бубинад ва ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ дошта бошад. Ва Ман ӯро дар рӯзи охирин дубора зинда мекунам". 41 Яҳудиён ба Ӯ ба хашм омаданд, чунки Ӯ гуфт: "Ман ноне, ки аз осмон омадаам". 42 Онҳо гуфтанд: "Оё ин Исо нест, писари Юсуф, падар ва модари Ӯро мо мешиносем? Чӣ тавр Ӯ мегӯяд, ки "Ман аз осмон нозил шудаам?"" 43 Исо дар ҷавоб гуфт: "Байни худ ғавғо накунед. 44 Ҳеҷ як одам назди Ман омада наметавонад, агар Падаре, ки Маро фиристодааст, он шахсро ҷалб накунад. Ман он шахсро дар рӯзи охирин дубора зинда мекунам. 45 Чи тавре ки пайғамбарон гуфта буданд: "Ҳама аз ҷониби Худо таълим меёбанд". Ҳар касе, ки аз Падар таълим гирифтааст, назди Ман меояд. 46 Ин маънои онро надорад, ки касе Падарро дидааст, ҷуз Оне, ки аз ҷониби Худост, Ӯ Падарро дидааст. 47 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар касе, ки ба Ман имон оварад, ҳаёти абадӣ дорад. 48 Ман нони ҳаёт ҳастам. 49 Падарони шумо нонро дар биёбон хӯрданд ва мурданд. 50 Лекин он ноне, ки аз осмон омад, ин тавр аст: ҳар кас бихӯрад-намемирад. 51 Ман нони зинда ҳастам, ки аз осмон омадаам. Ҳар касе, ки аз он нон бихӯрад, то абад зинда мемонад. Ноне, ки Ман медиҳам, ин бадани Ман аст, ки онро Ман барои ҳаёти ин ҷаҳон медиҳам". 52 Он гоҳ яҳудиён байни худ баҳс карда гуфтанд: "Чӣ тавр Ӯ Бадани Худро медиҳад, ки мо онро бихӯрем?" 53 Исо ба онҳо гуфт: "Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар шумо Бадани Писари Одамизодро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, он гоҳ дар худ ҳаёт дошта наметавонед. 54 Он касе, ки бадани Маро мехӯрад ва Хуни Маро менӯшад, ҳаёт абадӣ дорад. Ва Ман он шахсро дар рӯзи охирин дубора зинда мекунам, 55 барои он ки бадани Ман хӯроки ҳақиқӣ ва Хуни Ман нӯшокии ҳақиқӣ аст. 56 Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, дар Ман мемонад ва Ман дар Ӯ мемонам. 57 Чи тавре ки Падари зинда Маро фиристод ва Ман бо Падар зиндагӣ мекунам, ҳамон тавр низ ҳар кӣ Маро хӯрад, бо Ман зинда мемонад. 58 Ин ҳамон нонест, ки аз осмон фаромад, на он нони манн, ки падарони шумо дар биёбон хӯрда мурданд: ҳар касе аз ин нон бихӯрад, то абад зинда мемонад". 59 Инро Ӯ дар куништ, ҳангоме ки дар Кофарнаҳум буд, таълим медод. 60 Бисёр аз шогирдони Ӯ ин суханонро шунида, гуфтанд: "Ин суханони беақлонаанд! Кӣ инро гӯш карда метавонад?" 61 Лекин Исо дониста истода ки шогирдон ба шӯр меоянд, ба онҳо гуфт: "Чӣ шуморо ба хиҷолат меорад? 62 Чӣ рӯй медиҳад, ҳангоме ки шумо Писари Одамизодро мебинед, ки ба он ҷое, ки пештар буд, сууд мекард? 63 Рӯҳ ҳаёт мебахшад, аммо аз ҷисм ҳеҷ фоидае нест. Суханоне, ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаёт мебошанд. 64 Лекин дар байни шумоён касоне ҳастанд, ки имон надоранд". Чунки Исо аз аввал медонист, кӣ имон надорад ва кӣ Ӯро таслим мекунад. 65 Ӯ давом дод: "Барои ҳамин Ман ба шумо гуфтам, ҳеҷ кас ба назди Ман омада наметавонад, агар ин барояш аз ҷониби Падари Ман дода нашуда бошад". 66 Аз ҳамон вақт бисёр шогирдон аз назди Ӯ рафтанд ва дигар Ӯро пайравӣ намекарданд. 67 Он гоҳ Исо аз он дувоздаҳ низ пурсид: "Оё шумо низ рафтан намехоҳед?" 68 Шимъӯни Петрус дар ҷавоб ба Ӯ гуфт: "Худовандо! Мо назди кӣ биравем? Охир суханони ҳаётро танҳо Ту дорӣ, 69 ва мо бовар кардем ва донистем, ки Ту Масеҳ Писари Худои Зинда ҳастӣ". 70 Исо ба онҳо гуфт: "Оё Ман дувоздаҳ аз шуморо интихоб накардам? Лекин яке аз шумо шайтон аст". 71 Инро Ӯ дар бораи Яҳудои Исқариот, писари Шимъӯн, гуфт, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва мехост Ӯро таслим кунад.

Chapter 7

1 Пас аз он Исо дар Ҷалил мегашт. Ӯ намехост дар Яҳудо гардад, чунки яҳудиён Ӯро мехостанд кушанд. 2 Иди яҳудиён, ки иди Хаймаҳо мебошад, наздик мешуд. 3 Бародарони Исо ба Ӯ гуфтанд: "Баро аз ин ҷо ва ба Яҳудо бирав, то ки шогирдони Ту корҳои Туро бинанд, ки Ту мекунӣ. 4 Зеро агар касе машҳур шудан мехоҳад, онгоҳ ӯ ҳеҷ корро пинҳонӣ намекунад. Агар Ту ин гуна корҳоро ба амал овари, Худатро ба ҷаҳон нишон деҳ". 5 Бародарони Ӯ ҳам ба Ӯ бовар намекарданд. 6 Ба ин Исо ба онҳо ҷавоб дод: "Вақти Ман ҳанӯз наомадааст, ба шумо бошад ҳамеша фурсат ҳаст. 7 Аз шумо ҷаҳон наметавонад нафрат кунад, аммо аз Ман нафрат дорад, чунки Ман дар бораи вай шаҳодат медиҳам, ки корҳои вай бад аст. 8 Шумо ба ид равед, лекин Ман ҳоло ба ин ид намеравам, зеро вақти Ман ҳоло фаро нарасидааст". 9 Вақте ки Исо инро ба онҳо гуфт, Ӯ дар Ҷалил монд. 10 Аммо, вақте ки бародарони Ӯ ба ид омаданд, ва Ӯ ҳам омад, лекин на кушода, балки пинҳонӣ. 11 Яҳудиён Ӯро дар ид ҷустуҷӯ карда мепурсиданд: " Исо куҷост?" 12 Дар байни мардум дар бораи Ӯ баҳсу мунозираҳо бисёр буд: яке мегуфтанд, Ӯ нек аст, дигарон мегуфтанд, ки Ӯ мардумро ба гумроҳӣ мебарад. 13 Вале, аз сабаби тарс дар назди яҳудиён ҳеҷ кас дар бораи Ӯ кушоду равшан сухан намегуфтанд. 14 Лекин дар нимаи ид Исо ба маъбад даромада таълим медод. 15 Яҳудиён дар ҳайрат буданд ва мепурсиданд: "Ӯ чи тавр Навиштаҷотро медонад, ҳангоме ки Ӯ нахондааст?" 16 Исо ба онҳо гуфт: "Таълимоти Ман - аз Ман нест, аз они Касе, Ки Маро фиристодааст. 17 Касе ки иродаи Ӯро иҷро кардан мехоҳад, ӯ дарк мекунад: Оё ин таълимот аз Худо аст ё ин ки Ман Худ аз Худ мегӯям. 18 Касе, ки худ аз худ сухан мегӯяд, ҷалолро ба худ меҷӯяд ва Касе ки ҷалоли Фиристодаи Ӯро меҷуяд - Ӯ ҳақиқат аст, ва дар Ӯ дурӯғ нест. 19 Магар Мусо ба шумоён қонун надодааст? Лекин ҳеҷ кадоме аз шумоён аз рӯи шариат рафтор намекунед.Пас барои чӣ Маро куштан мехоҳед?" 20 Мардум ҷавоб дод: " Оё дар Ту дев ҳаст? Кӣ Туро куштан мехоҳад?" 21 Исо ба онҳо ҷавоб дод: "Ман як корро ба анҷом расонидам ва ҳамаи шумо дар ҳайрат ҳастед. 22 Мӯсо хатнаро ба шумо дод (ҳоло ин ки он аз Мӯсо набуд, балки аз падарон) ва дар рӯзи шанбе шумо одамро хатна мекунед. 23 Агар ки одам дар рӯзи шанбе хатна шавад, то ки шариати Мӯсоро вайрон накунад, пас барои чи шумо ба ман дар ғазаб ҳастед, ки Ман дар рӯзи шанбе одамро пурра шифо додам? 24 Аз рӯи зоҳирӣ доварӣ накунед, балки аз рӯи адолат доварӣ кунед". 25 Дар ин вақт баъзеи шаҳрвандони Ерусалим мегуфтанд: " Оё ин ҳамон Одаме нест ки мекобанд, то ки бикушанд? 26 Ана, Ӯ ошкоро сухан мегӯяд, ва ба Ӯ ҳеҷ чиз намегӯянд: наход ки сардорон фаҳмиданд, ки Ӯ дар ҳақиқат Масеҳ аст? 27 Мо аз куҷо будани Ӯро медонем. Вақте ки Масеҳ меояд, ҳеҷ кас намедонад, ки Ӯ аз куҷост". 28 Дар он вақт Исо, дар маъбад таълим дода бо овози баланд гуфт: "Маро медонед, ва аз куҷо Ман. Ман Худ аз Худ наомадаам, лекин Фиристодаи Ман Ҳақиқист, ки шумо Ӯро намешиносед. 29 Ман Ӯро медонам, барои он ки Ман аз Ӯ ҳастам ва Ӯ Маро фиристодааст". 30 Исоро дастгир кардан мехостанд, лекин хеҷ кас Ӯро дастгир накард, барои он ки ҳоло вақти Ӯ наомада буд. 31 Бисёр аз мардумон ба Ӯ бовар карданд ва гуфтанд: "Вақте ки Масеҳ меояд, находки бисёр аломотҳо нишон медиҳад, ки нисбати он ки Ин Одам нишон дод?" 32 Вақте ки фарисиён аз мардум дар бораи Ӯ ин суханҳоро шуниданд, онгоҳ онҳо якҷоя бо саркоҳинон хизматгоронро фиристоданд то ки Ӯро дастгир кунанд. 33 Исо ба онҳо гуфт: " Ба Ман камтар вақт мондааст, ки бо шумо бошам ва меравам ба назди Оне, Ки Маро фиристодааст. 34 Маро меҷӯед ва немеёбед ва дар ҷое ки Ман мешавам, ба он ҷо шумо омада наметавонед". 35 Инро яҳудиён шунида, аз як дигар пурсиданд: " Ба куҷо Ӯ рафтан мехоҳад, ки мо Ӯро намеёбем? Оё Ӯ намехоҳад, ки назди юнониёни пароканда равад ва юнониёнро таълим диҳад? 36 Суханоне ки Ӯ мегӯяд чи маъно дорад: " Маро меҷӯед ва намеёбед, ва дар он ҷое ки Ман мешавам, шумо омада наметавонед?" 37 Дар рӯзи охирини иди бузург Исо бархоста бо овози баланд гуфт: "Касе,ки ташна аст назди Ман биёяд ва бинӯшад. 38 Касе ки ба Ман бовар мекунад, аз ӯ оби зиндаи дарё мерезад, чи хеле ки дар Навиштаҷот гуфта шудааст". 39 Инро Ӯ дар бораи Рӯҳ гуфт, Касоне ки имон оваранд Ӯро қабул мекунанд: чунки ҳоло дар онҳо Рӯҳи Муқаддас набуд, барои он ки ҳанӯз Исо ҷалол наёфта буд. 40 Бисёр аз мардум ин суханонро шунида гуфтанд: " Ӯ аниқ пайғамбар аст". 41 Дигарон гуфтанд: "Ин Масеҳ аст". Дигарон низ гуфтанд: "Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд? 42 Оё дар Навиштаҷот гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд аз Байтлаҳм, аз он деҳае, ки Довуд буд, мебошад?" 43 Ҳамин тавр ақидаи мардум дар бораи Ӯ ҷудо шуд. 44 Баъзеи онҳо Исоро мехостанд дастгир кунанд, лекин ҳеҷ кас ба Ӯ нарасид. 45 Барои ҳамин хизматгорон ба назди саркоҳинон ва фарисиён баргаштанд ва аз онҳо пурсиданд: "Барои чи шумо Ӯро наовардед?" 46 Хизматгорон ҷавоб доданд: "Ҳеҷгоҳ одам ин тавр, Мисли Ӯ сухан нагуфта буд". 47 Фарисиён ба онҳо гуфтанд: "Находки шумо ҳам фиреб хӯрдед? 48 Магар касе аз сардорон ё ин ки аз фарисиён ба Ӯ бовар карданд? 49 Лекин ин халқ Қонунро намедонад, барои ҳамин ӯ лаънат шудааст". 50 Яке аз онҳо, Ниқодимус, ки шабона ба назди Исо омад, аз онҳо пурсид: 51 "Магар Қонуни мо одамро маҳкум мекунад, то он даме ки вайро нашунавад ва нафаҳмад, ки ӯ чӣ кор карда аст?" 52 Ба ин онҳо ҷавоб доданд: "Мумкин ту ҳам аз Ҷалил ҳастӣ? Дарк кун ва фаҳм, ки аз Ҷалил пайғамбар намеояд". 53 Ва ҳама ба хонаҳои худ рафтанд.

Chapter 9

1 Вақте ки Исо мерафт, Ӯ одамеро дид, ки аз зоида шуданаш кӯр буд. 2 Шогирдон аз Исо пурсиданд: " Равви, кӣ гуноҳ кардааст, худи ӯ ё ин ки волидонаш, аз барои кӣ ӯ кӯр зоида шудааст?" 3 Исо ҷавоб дод: "На ӯ гуноҳ кардааст, на волидони ӯ, балки ин аз барои он аст, ки корҳои Худо дар ӯ зоҳир шаванд. 4 То даме ки рӯз аст, Ман бояд корҳои Фиристандаи Худро ба амал биёрам. Вақте ки шаб меояд, он гоҳ касе кор карда наметавонад. 5 То даме ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, Ман - нури ҷаҳон ҳастам". 6 Инро гуфта Ӯ ба замин туф кард ва оби даҳонашро бо хок омехта карда, онро ба чашмони кӯр молид 7 ва ба Ӯ гуфт "Бирав, дар ҳавзи Шилуаҳ, ки маънояш "Фиристода" аст чашмонатро бишӯй". Вай рафта шуст ва бо чашмони бино баргашт. 8 Он гоҳ ҳамсояҳо ва онҳое, ки ӯро дар вақти кӯриаш дида буданд, гуфданд: " Оё ӯ ҳамон нест, ки нишаста садақа мепурсид?" 9 Баъзеҳо гуфтанд: "Ҳамон аст", дигарон бошад: "Ба ӯ монанд аст". Худи ӯ гуфт: "ман ҳамонам". 10 Он гоҳ аз ӯ пурсиданд: "Чӣ гуна чашмони ту бино шуданд?" 11 Ба ин ӯ ҷавоб дод: "Шахсе ки Исо ном дорад, оби даҳонашро бо хок омехта, ба чашмонам молид ва гуфт: "Ба ҳавзи Шилуаҳ рафта бишӯй," ман рафта шустам ва бино шудам". 12 Он гоҳ аз ӯ пурсиданд: "Исо дар куҷост"? Ӯ чавоб дод: "намедонам". 13 Пас шахсеро ки пештар кӯр буд, ба назди фарисиён бурданд. 14 Он рӯз, ки Исо оби даҳонашро бо хок омехта ба чашмони ӯ молид ва чашмони ӯро кушод, рӯзи шанбе буд. 15 Фарисиён низ аз ӯ пурсиданд, ки чӣ гуна ӯ бино шуд. Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: "Исо лойро ба чашмони ман молид, ман онро шуста, бино шудам". 16 Он гоҳ баъзе аз фарисиён гуфтанд: "Ин Одам аз тарафи Худо нест, барои он ки Ӯ рӯзи шанберо риоя намекунад". Дигарон гуфтанд: "Чӣ хел шахси гунаҳкор чунин муъҷиза ба амал оварда метавонад?" Ва дар байни онҳо баҳс ба миён омад. 17 Онҳо боз ба шахси биношуда муроҷиат карда гуфтанд: "Ӯ чашмони туро воз кард, ту дар бораи Ӯ чӣ мегӯи"? Вай гуфт: "Ӯ пайғамбар аст". 18 Яҳудиён бовар накарданд, ки он шахс кӯр буд ва бино шуд, то даме ки волидони ӯро даъват карданд. 19 Ва аз онҳо пурсиданд: "Оё ӯ писари шумост, ки дар борааш мегӯед: "ӯ кӯр зоида шудааст", пас чӣ гуна вай бино шуд?" 20 Волидони ӯ ба онҳо ҷавоб доданд: "Мо медонем, ки ӯ писари мост ва кӯр зоида шудааст, 21 вале намедонем, ки ӯ чӣ гуна бино шуд ва кӣ ӯро бино кард. Ӯ худаш бузург аст, аз худи ӯ пурсед, бигзор худаш дар бораи худ нақл кунад". 22 Волидонаш ин тавр ҷавоб доданд, барои он ки аз яҳудиён метарсиданд, чунки яҳудиён қарор дода буданд, ки ҳар касеро ки Исоро чун Масеҳ қабул кунад, аз куништ биронанд. 23 Барои ҳамин ҳам волидонаш гӯфтанд: " Ӯ бузург аст, аз худаш бипурсед". 24 Бори дуввум шахси кӯрбударо даъват карда, ба ӯ гуфтанд: "Худоро ҷалол деҳ, мо медонем, ки Он Шахс - гунаҳкор аст". 25 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: "Он шахс гунаҳкор аст ё не намедонам, ҳаминро медонам, ки ман кӯр будам, акнун мебинам". 26 Аз нав ӯро пурсиданд: "Ӯ ба ту чӣ кард? Чӣ хел Ӯ чашмони туро воз кард?" 27 Биношуда ба онҳо ҷавоб дод: "Як бор ба шумо гуфтам ва шумо гӯш накардед, боз чиро шунидан мехоҳед? Ё ки шумо ҳам мехоҳед шогирдони Ӯ шавед"? 28 Онҳо ӯро сарзаниш карданд: "Ту шогирди Ӯ ҳастӣ, вале мо шогирдони Мусо ҳастем. 29 Мо медонем, ки бо Мусо Худо гап задааст, вале инро намешиносем ва намедонем, ки Ӯ аз куҷо аст." 30 Шахси биношуда ҷавоб дод: "Ин аҷиб аст, ки шумо намедонед Ӯ аз куҷост, вале Ӯ чашмони маро воз кард". 31 Балки мо медонем, ки Худо шахсони гунаҳкорро гӯш намекунад, вале онҳоеро, ки Худоро эҳтиром мекунад ва иродаи Ӯро иҷро мекунад, гӯш мекунад.. 32 То ба ҳол шунида нашудааст, ки шахсе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад. 33 Агар Ӯ аз тарафи Худо намебуд, ягон чӣ офарида наметавонист. 34 Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: "Ту дар гуноҳ таваллуд шудаӣ, пас ту моро таълим медиҳӣ"? Ва ӯро пеш карданд. 35 Исо шунид, ки ӯро рондаанд, ӯро ёфт ва аз ӯ пурсид: "Оё ту ба Писари Худо боварӣ дорӣ?" 36 Ӯ ҷавоб дод: "Ҷаноб, Ӯ кист, ки ман ба Ӯ бовар кунам?" 37 Исо ба ӯ гуфт: "Ту ҳоло Ӯро дидаӣ ва Ӯ бо ту гап мезанад." 38 Шахси биношуда гуфт: "Бовар мекунам, Худованд!" Ва ба Ӯ саҷда кард. 39 Исо гуфт: "Ман ба ин ҷаҳон барои доварӣ омадам, то кӯрон бино шаванд, вале онҳое ки мебинанд, нобино гарданд." 40 Инро шунида, баъзе аз фарисиёне, ки бо Исо буданд, аз Исо пурсиданд: "Наход ки мо ҳам кӯр бошем?" 41 Исо ба онҳо ҷавоб дод: "Агар шумо кӯр мебудед, дар худ гуноҳ намедоштед, вале аз сабаби он ки шумо мегӯед: "мебинем", гуноҳ дар шумо мемонад."

Chapter 10

1 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям агар касе, ки аз дар ба оғил надарояд, аммо бо дигар ҷой дарояд, вай дузд ва ғоратгар аст. 2 Касе ки аз дар медарояд чӯпони гӯсфандҳо аст. 3 Посбон дарро ба Ӯ мекушояд ва гӯсфандон овози Ӯро мешунаванд. Ӯ гӯсфандони Худро бо номашон садо мекунад ва онҳоро мебарорад. 4 Вақте ки гӯсфандони Худро мебарорад, Ӯ дар пешопеши онҳо меравад, онҳо аз қафои Ӯ мераванд,барои он ки овози Ӯро мешиносанд. 5 Аз оқиби овози бегона намераванд, аммо аз ӯ мегурезанд, чунки онҳо овози бегонаро намешиносанд. 6 Вақте ки Исо ин масалро гуфт одамон нафаҳмиданд ки Ӯ дар бораи чӣ мегуфт. 7 Исо боз ба онхо гуфт:"ба ростӣ ба ростӣ ба шумоен мегуям, Ман - барои гӯсфандон дар ҳастам, 8 касоне ки то Ман омада буданд чи қадаре ки бошанд, дузд ва ғоратгар буданд, 9 аммо гӯсфандон онҳоро гӯш накарданд. 10 Дузд меояд то ки дуздад, кушад ва нобуд кунад, аммо Ман омадам ки ҳаети абадӣ дошта бошанд ва ҳаетӣ фаровонӣ 11 Ман чӯпони нек ҳастам ва чӯпони нек барои гӯсфандҳо ҷонашро медиҳад. 12 Аммо коргари кироя чӯпон нест ва гӯсфандон барои ӯ бегона ҳастанд. Вакте, ки ӯ гурги омада истодаро мебинад, ӯ гӯсфандҳоро партофта мегурезад. Гург бошад гӯсфандонро медуздад ва пароканда мекунад. 13 Коргари кироя мегурезад ва барои гӯсфандон ғамхорӣ намекунад, чунки ӯ коргари кироя аст. 14 Ман чӯпони нек ҳастам Ман аз они Худамро медонам ва аз они Ман Манро медонанд 15 Чи хеле ки Падар Манро медонад ман ҳам Падарро медонам ва барои гӯсфандон ҷонамро медиҳам. 16 боз дигар гӯсфандҳо ҳастанд ки аз ин оғил нестанд. Ман бояд онҳоро биерам. онҳо овози Манро мешунаванд ва як рама ва як Чӯпон мешавад. 17 Падар Манро дӯст медорад, чунки Ман ҷонамро медиҳам, то ки боз гирам. 18 Ҷонамро ҳеч кас гирифта наметавонад, Ман Худам медиҳам. Қудрат дорам то онро диҳам ва қудрат дорам онро гирам. ва ин конунро Ман аз Падарам гирифтам. 19 Аз ин суханҳо дар байни яҳудихо боз баҳс омад. 20 Бисере аз онҳо мегуфтанд:"Ӯ девона аст ва беақли мегуяд, барои чӣ Ӯро гӯш мекунед?" 21 Дигарон мегуфтанд ин сухнони девона нест, чӣ тавр девдор кӯрҳоро бино мекунад?" 22 он вақт зимистон буд ва дар Уршалим ҷашни тозакунӣ сар шуд. 23 Исо дар ибодатхона, қисми ҳуҷраи Сулаймон, роҳ мерафт . 24 Дар ин ҷой яҳудиҳо Исоро иҳота карда аз Ӯ мепурсиданд:" То кай моро дар бехабарӣ нигоҳ медорӣ?,агар Ту Масеҳ боши рӯи рост гӯй" 25 Исо ба онҳо ҷавоб дод:" Ман ба шумоён гуфтам боварӣ надоред, корҳое ки ман ба исми Падар мекунам, шоҳиди он ҳастанд" 26 аммо шумоён боварӣ надоред , чунки шумоён гӯсфандони Ман нестед, чуноне ки Ман гуфтам. 27 гӯсфандони Ман овози Маро мешиносанд ва Ман онҳоро медонам. Онҳо аз оқиби Ман мераванд 28 Ман ба онҳо ҳаети абадӣ медиҳам, барои ҳамин онҳо абадан намимиранд, ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти ман дуздида наметавонад 29 Падари Ман, ки онҳоро ба Ман дод аз ҳама бузург аст ва ҳеч кас аз дасти Падари Ман дуздида наметавонад. 30 Ман ва Падар як ҳастем 31 Он вақт боз яҳудиҳо сангҳоро гирифтанд, то ки Ӯро зананд, 32 Исо пурсид :"Барои кадом корҳои некам ки аз Падарам нишон додам Манро сангсор кардан мехоҳед. 33 яҳудиҳо гуфтанд "На аз барои корҳои неки Ту Туро сангсор кардан мехоҳем, аммо аз барои суханҳои куфри Ту, барои он ки Ту одам буда, аммо Худатро Худо нишон медиҳи. 34 Исо ҷавоб дод: "магар дар қонуни шумоён навишта нашудааст: "Ман гуфтам: шумоён - худоед"? Калом наметавонад ботил шавад 35 Барои ҳамин Ӯ агар ба каслоне ки Калом фиристода шудааст Худоён номидааст 36 Чӣ тавр шумоен ба касе ки Ӯро мукаддас кард ва ба ҷаҳон фиристод, гуфта метавонед ки Ӯ куфр мегӯяд. аз барои он ки Ман гуфтам ки Ман Писари Худо хастам? 37 агар ман корхои Падарамро иҷро накунам ба Ман бовар накунед 38 Агар иҷро кунам ба Ман бовар накунед ҳам, ба корҳои Ман бовар кунед, то донед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман ва Ман дар Ӯ" 39 Он гоҳ боз Ӯро хостанд дастгир кунанд, аммо Ӯаз онҳо пинҳон шуд. 40 Исо боз паси Ӯрдун омад, ба ҷое ки пештар Яҳё таъмид медод, ва дар он ҷой монд. 41 Бисер кас ба назди вай омаданд ва мегуфтанд Яҳе мӯъчиза нишон надод, аммо ҳама чизе, ки дар бораи Исо гуфт рост аст. 42 Бисер кас ба Исо имон оварданд.

Chapter 12

1 Шаш руз пеш аз иди фисҳ , Исо ба Байт-Ҳинӣ омад, Лаъзоре ки мурда буд, ки Ӯ аз мурдагон зинда кард, аз он ҷой буд. 2 Дар он ҷой ба Ӯ хӯроки бегоҳирӯз таёр карданд. Марто дар хизмати онҳо буд, ва Лаъзор яке аз касоне буд, ки дар сари дастархон бо Ӯ менишаст. 3 Марям атри тозаи қимати хушбӯйро як фунт гирифта, ба пойхои Исо молид ва бо мӯйҳояш хушк кард. Ва ҳамаи ҳуҷра бӯи хуши атр шуд. 4 Он вақт яке аз шогирдонаш, Яҳудои Исқариот, ки писари Шимъӯн буд, оне ки хост ба Ӯ хиёнат кунад, пурсид: 5 "Оё беҳтар набуд, ин атрро ба сесад динор мефурӯхтем, ва ба бенавоён тақсим мекардем?" 6 Ӯ инро на аз барои он, ки ба бенавоён ғамхорӣ мекард гуфт, балки ӯ дузд буд. Ӯ қуттии пулдорро бо худаш дошт ва ҳар дафъае, ки ба қутти пул партофта мешуд, ӯ аз он мегирифт. 7 Исо ба ӯ гуфт: "Ба ӯ кордор нашав, чунки ӯ инро, барои дафни Ман нигоҳ доштааст. 8 Охир бенавоёнро бо худ ҳама вақт доред, аммо Манро на ҳама вақт " 9 Бисёре аз яҳудиён донистанд, ки Ӯ дар он ҷой, ва на танҳо барои Исо, аммо барои дидани Лаъзоре омаданд, ки аз мурдагон Ӯ зинда карда буд. 10 Саркоҳинон бошанд қарор карданд, ки Лаъзорро низ кушанд. 11 барои он, ки бисёр яҳудиҳо аз барои ӯ меомаданд ва ба Исо имон меоварданд. 12 Дар рӯзи дигар, чун шуниданд, ки Исо ба Иерусалим меравад, бисёр одамҳое, ки ба ид омада буданд, 13 шохаҳои дарахти хурморо гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд, ва бо овози баланд мегуфтанд: "Шаъну шараф ба Подшоҳӣ Исроил Кӣ ба исми Худованд меояд!" 14 Исо харкӯраро ёфта ба он нишаст, чи хеле, ки навишта шудааст: 15 "Натарс, духтари Сион!, Ин Шоҳи ту бар харкура савор бармегардад" 16 Шогирдони Ӯ дар аввал инро нафаҳмиданд, аммо вақте, ки Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба хотир оварданд: чӣ тавре, ки дар бораи Ӯ навишта шуда буд, он тавр ба Ӯ карданд. 17 Халқе, ки пештар бо Ӯ буд, шаҳодат медод, ки чӣ хел Ӯ Лаъзорро аз қабр садо кард ва аз мурдагон зинда кард. 18 Барои ҳамин халқ Ӯро пешвоз гирифт, чунки шуниданд, ки Ӯ ин муъҷизаро ба амал овард. 19 Аммо фарисиён ба якдигар мегуфтанд: "Дидед, шумоён аз ӯҳдаи ҳеҷ чиз намебароед? Тамоми ҷаҳон аз оқиби Ӯ меравад" 20 Баъзеи онҳое, ки барои саҷда, ба ид омаданд, юнониён буданд. 21 Онҳо ба назди Филипус, ки аз Байт сайдои Ҷалил буд, омада пурсиданд:" Ҷаноб! мо мехоҳем Исоро бинем." 22 Филипус рафт ва ба Андриус инро гуфт, ва якҷоя Филипус ва Андриус инро ба Исо гуфтвнд. 23 Исо ба онҳо ҷавоб дод:"Вақти ҷалол ёфтани Писари Одамизод омад. 24 Ба рости ба рости ба шумо мегӯям, донаи гандум ба замин афтад ва намирад, танҳо мемонад, ва агар бимирад, меваи зиёде меорад 25 Касе ки ҷони худро дӯст дорад онро нобуд месозад, вале касе ки аз ҷонаш дар ин дунё нафрат дорад онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад. 26 Касе, ки ба Ман хизмат мекунад, бигзор аз қафои Ман ояд, ва он ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгори Ман ҳам он ҷой мешавад. Касе, ки ба Ман хизмат мекунад Падари Ман ӯро қадр мекунад. 27 Ҷони Ман ҳоло дар шӯр аст. Ман чӣ бигӯям? Падар! Манро аз ин соат раҳо намо! Аммо Ман барои ин вақт омадаам. 28 Падар! Номи Худро ҷалол деҳ". Он гоҳ аз осмон овоз омад: "Ҷалол додам ва боз ҷалол медиҳам" 29 Халқе, ки дар он ҷой меистод ва мешунавид, мегуфтанд "Ин раъд аст", дигарон мегуфтанд " Фариштаи Худованд ба Ӯ гуфт" 30 Исо ба ин ҷавоб дод " Ин овоз на барои Ман буд, аммо барои халқ буд. 31 Акнун ин ҷаҳон маҳкум шуд. Акнун мири ин ҷаҳон берун ронда мешавад. 32 Вакте ки Ман аз замин бардошта мешавам, ҳамаро ба Худ ҷалб менамоям" 33 Инро Исо барои он гуфт, то ки фаҳманд, ки Ӯ чӣ тавр мемирад. 34 Халқ ба Ӯ ҷавоб дод: "Мо аз қонун шунида будем, ки Масеҳ абадӣ мемонад. Чӣ хел Ту мегӯи, ки Писари Одамизод бояд бардошта шавад. Кӣ аст Ин Писари Одамизод?" 35 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт:"Боз камтар вақт равшанӣ бо шумоён мемонад. Ҳоло ки равшанӣ бо шумоён ҳаст роҳ гардед, то ин ки шумоёнро торикӣ фаро нагирад. Касе ки дар торикӣ роҳ меравад, намедонад ба куҷо меравад. 36 Ҳоло ки равшанӣ ҳаст ба равшанӣ бовар намоед, то ин ки писарони равшанӣ шавед". Инро гуфту аз байни онҳо рафт ва пинҳон шуд. 37 Ӯ дар байни онҳо он қадар мӯъҷиза нишон дод, ва онҳо ба Ӯ имон наоврданд. 38 Ҳамин тавр суханҳои Ишъаёии набӣ гуфта шуда иҷро шуд: "Худованд! Кӣ ба суханҳое аз мо шунида, бовар кард ва ба кӣ дастони Худованд намоён шуд?" 39 Онҳо бовар карда наметавонистанд, чӣ хеле ки боз Ишъаёи набӣ гуфта буд: 40 "Ин халқ бо чашмони худ кӯр ва бо дилҳои худ сангдил шуданд, онҳо бо чашм намебинанд ва бо дил намефаҳманд ва рӯй намеоваранд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам." 41 Инро Ишъаё, вақте ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ ҳарф мезад, гуфт. 42 Ба ҳар ҳол бисёре аз сардорон низ ба Ӯ имон оварданд, вале аз тарси он ки фарисиён онҳоро аз куништ наронанд, нишон намедоданд. 43 чунки ҷалоли одамиро аз ҷалоли Худо зиёдтар дӯст доштанд. 44 Исо баланд гуфт:"Касе ки ба Ман имон овард, на ба Ман, балки ба Касе ки Маро фиристод имон овард 45 Ва касе ки Маро мебинад, Шахсе ки Маро фиристод мебинад. 46 Ман равшанӣ ҳастам. Ман ба ҷаҳон омадам то ҳар касе, ки ба Ман имон оварад дар торикӣ намонад. 47 Касе ки суханони Маро шунид ва бовар накард, Ман вайро ҳукм намекунам, чунки Ман на барои ҳукм, аммо барои наҷоти ҷаҳон омадам. 48 Барои касоне ки Маро рад мекунад ва суханони Маро қабул намекунад, доваре ҳаст, Каломе ки Ман гуфта будам. Вай ӯро дар рӯзи охирон доварӣ мекунад. 49 Чунки Ман на аз Худам инро гуфтам, лекин аз Падаре, ки Маро фиристод, аҳком гирифтам, ки чӣ гӯям ва чиро эълон намоям. 50 Ва Ман медонам, ки аҳкоми Ӯ ин ҳаёти абадӣ аст. Инак он чизе ки Ман мегӯям, чӣ хеле ки Падар ба Ман мегӯяд, мегӯям."

Chapter 13

1 Пеш аз иди Фисҳ Исо медонист, ки вақти Ӯ фаро расидааст, ки бояд аз ин олам ба назди Падар биравад, барои ҳамин нишон дод, ки онҳоеро, ки аз они Худаш ҳастанд ва дар ин ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, дӯст дошта истода, то охир онҳоро дӯст доштааст. 2 Дар вақти таоми шом шайтон аллакай ба дили Яҳудои Исқариот, писари Шимъӯн, гузошт, ки Исоро таслим кунад. 3 Ва Исо дониста истода ки, Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст ва Вай аз ҷониби Худо омадааст ва назди Ӯ меравад, 4 аз сари дастархон бархост, ҷомаи Худро аз танаш кашид ва сачоқро гирифт, то ки камари худро бубандад. 5 Баъд ба дастшӯяк об рехт ва ба шустани пойҳои шогирдон шурӯъ кард ва бо сачоқе, ки дар миёнаш баста буд, пойҳояшонро хушк кард. 6 Вақте ки Исо назди Шимъӯни Петрус омад, вай гуфт: "Худовандо! Наход ки Ту пойҳои маро бишӯӣ?" 7 Исо ба вай ҷавоб дод: "Он кореро, ки Ман мекунам, ҳоло ту намефаҳмӣ, лекин баъдтар хоҳӣ фаҳмид". 8 Петрус ба Ӯ гуфт: "Ҳеҷ гоҳ пойҳои маро нахоҳӣ шуст!" Исо ҷавоб дод: "Агар пойҳоятро нашӯям, ту бо Ман қисми як чиз шуда наметавонӣ". 9 Он гоҳ Шимъӯни Петрус гуфт: "Худовандо! На танҳо пойҳоямро, балки дастону сарамро низ бишӯй". 10 Исо ба вай гуфт: "Одами тозаро танҳо бояд пойҳояшро бишуст, чунки вай худаш пок аст. Ва шумо пок ҳастед, вале на ҳамаатон". 11 Вай таслимкунандаи Худро медонист ва барои ҳамин гуфт: "На ҳамаатон пок ҳастед". 12 Вақте ки Исо пойҳои онҳоро бишуст ва ҷомаи Худро бипӯшид, он гоҳ боз сари дастархон нишаст ва ба онҳо гуфт: "Оё шумо фаҳмидед, ки Ман бароятон чӣ кор кардам? 13 Шумо Маро Устод ва Худованд мехонед, ва ин ҳақиқат аст, чунки Ман Ҳамон ҳастам. 14 Инак, агар Ман, Худованд ва Устод, пойҳои шуморо шуста бошам, он гоҳ шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед. 15 Охир Ман ба шумо намуна додам-ку, то ки шумо низ он кореро, ки Ман бароятон кардам, бикунед. 16 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: хизматгор аз хӯҷаини худ бузург нест, ва фиристода аз фиристандаи худ. 17 Агар шумо инро донед, он гоҳ хушбахт ҳастед, вақте ки инро иҷро мекунед. 18 На дар бораи ҳамаи шумо мегӯям. Ман медонам киро интихоб кардам. Лекин то ки Навиштаҷот ба амал ояд "он касе, ки бо ман нон мехӯрад, бар зидди Ман баромад". 19 Акнун ба шумо пешакӣ мегӯям, то ки он вақте ки ин рӯй медиҳад, шумо бовар кунед, ки ин Ман ҳастам. 20 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: он касе, ки фиристодаи Маро қабул мекунад, Маро қабул мекунад, он касе, ки Маро қабул мекунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад". 21 Инро гуфта, Исо дар рӯҳ ба ҳаяҷон омад, ва шаҳодат кард: "Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим хоҳад кард". 22 Он гоҳ шогирдон ба якдигар нигоҳ карданд, нафаҳмида истода ки Ӯ дар бораи кӣ мегӯяд. 23 Яке аз шогирдони Исо, ки Вай дӯсташ медошт, дар сари синаи Исо такя карда буд. 24 Шимъӯни Петрус ба вай ишора кард, то вай пурсад, ки Исо дар бораи кӣ мегӯяд. 25 Ӯ ба сари синаи Исо такя карда, аз Вай пурсид: "Худовандо! Кист ӯ?" 26 Исо ҷавоб дод: "Он касе, ки Ман ба ӯ пораи нонро тар карда медиҳам". Ва, пораи нонро тар карда, ба Яҳудои Исқариот, писари Шимъӯн, бидод. 27 Вақте ки Яҳудо ин пораи нонро бигирифт, ба дохили ӯ шайтон даромад. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: "Он кореро, ки мекунӣ, тезтар бикун". 28 Лекин аз он касоне, ки сари дастархон нишаста буданд, ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро Исо инро ба ӯ гуфт. 29 Аз барои он ки қуттӣ дар дасти Яҳудо буд, барои ҳамин баъзеҳо фикр карданд, ки Исо ба ӯ гуфтааст, ки чизҳои лозимаро барои ид бихарад ва ё чизе ба камбағалон бидиҳад. 30 Яҳудои Исқариот пораи нонро хӯрда, дарҳол баромад. Ин шабона буд. 31 Вақте ки ӯ баромад, Исо гуфт: "Акнун Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ӯ ҷалол ёфт. 32 Агар Худо дар Ӯ ҷалол ёфта бошад, он гоҳ Худо низ Ӯро дар Худ ҷалол медиҳад, ва ин ба қарибӣ мешавад. 33 Фарзандон! Акнун вақти зиёд Ман бо шумо буда наметавонам. Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард. Лекин чи хеле ки Ман ба яҳудиён гуфтам, ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед, ана акнун ҳоло ба шумо низ мегӯям. 34 Ба шумо аҳкоми нав медиҳам, то ки шумо якдигарро дӯст бидоред. Чи хеле ки Ман шуморо дӯст доштам, инчунин шумо низ якдигарро дӯст доред. 35 Аз рӯи ҳамин ҳама мефаҳманд, ки шумо шогирдони Ман ҳастед, агар дар байни худ муҳаббат дошта бошед. 36 Шимъӯни Петрус аз Вай пурсид: "Худовандо! Ту ба куҷо меравӣ?" Исо ба вай ҷавоб дод: "Ба он ҷое, ки Ман ҳоло меравам, ту рафта наметавонӣ, лекин баъдтар аз қафои Ман хоҳӣ рафт". 37 Петрус ба Ӯ гуфт: "Худовандо! Чаро ҳоло ман аз қафои Ту рафта наметавонам? Ман барои Ту ҷонамро фидо мекунам". 38 Исо ба вай ҷавоб дод: "Ҷонатро барои Ман фидо мекунӣ? Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: ҳоло хурӯс бонг назада,ту се маротиба аз ман рӯй хоҳӣ гардонд".

Chapter 14

1 "Бигузор дили шумо хавотир нашавад. Ба Худо бовар кунед ва ба Ман ҳам бовар кунед. 2 Дар хонаи Падари Ман ҷои зист бисёр аст. Агар ин тавр набошад, ба шумо мегуфтам: " Ман рафта ба шумо ҷой тайёр мекунам. 3 Пас аз он, ки рафта ба шумо ҷой тайёр кунам, боз меоям ва шуморо ба назди Худ мебарам, то шумо низ дар он ҷое бошед, ки Ман ҳастам". 4 Вале Ман ба куҷо меравам шумо медонед, ва роҳро медонед." 5 Тумо ба Ӯ гуфт: " Худованд! Намедонем, ки ба куҷо меравӣ ва чӣ гуна мо роҳро донем?" 6 Исо ба ӯ гуфт: "Ман - роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас ба назди Падар намеояд, ба ҷуз бо воситаи Ман. 7 Агар шумо Маро медонистед, пас Падари Маро ҳам медонистед. Ва акнун Ӯро медонед ва Ӯро дидаед". 8 Филиппус ба Ӯ гуфт: "Худовандо! Падарро ба мо нишон деҳ ва ин барои мо бас аст". 9 Исо ба ӯ гуфт: "Ҳамин қадар вақт Ман бо шумоён ва ту Маро намедонӣ, Филиппус? Касе кӣ Маро дидааст, Падарро дидааст. Барои чӣ ту мегӯӣ: "Падарро ба мо нишон деҳ"? 10 Оё ту бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ва Падар дар Ман аст? Каломе ки Ман ба шумо мегӯям аз Худ намегӯям. Падаре ки дар Ман сокин аст,- Ӯ амал мекунад. 11 Ба Ман бовар кунед, ки Ман дар Падар ва Падар дар Ман аст, вагарна аз рӯи худи корҳо ба Ман имон оваред. 12 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки ба Ман имон дорад, корҳое ки Ман мекунам, ӯ низ мекунад, ва аз он ҳам бузургтар мекунад, барои он ки Ман ба назди Падари Худ меравам. 13 Агар ягон чиро аз Падар ба номи Ман хоҳиш намоед, онро ба ҷо меорам, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад. 14 Агар ягон чиро ба исми Ман хоҳиш кунед, Ман онро ба ҷо меорам. 15 Агар Маро дӯст доред, аҳкоми маро иҷро мекунед. 16 Ман аз Падар илтимос мекунам ва Ӯ ба шумо Тасаллодиҳандаи дигареро мефиристад ва Ӯ бо шумо ҳамавақт мемонад - 17 Руҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро қабул кунад, барои он, ки Ӯро намебинад ва Ӯро намедонад. Вале шумо Ӯро медонед, чунки Ӯ дар шумо зиндагӣ мекунад ва мемонад. 18 Шуморо бепарастор намегузорам. Ба назди шумо меоям. 19 Боз андаке ва ҷаҳон дигар Маро намебинад. Вале шумо Маро мебинед, барои он ки Ман зиндагӣ мекунам ва шумо низ зиндагӣ мекунед. 20 Дар он рӯз шумо хоҳед донист, ки Ман дар Падари Худ ва шумо дар Ман ва Ман дар шумо ҳастам. 21 Касе ки аҳкоми Маро медонад ва иҷро мекунад, ӯ Маро дӯст медорад. Касе Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман дӯст хоҳад дошт, ва Ман ӯро дӯст хоҳам дошт ва Худро ба ӯ ошкор хоҳам кард". 22 Яҳудо - на Исқариотӣ - аз Ӯ пурсид: "Худовандо, барои чӣ Ту мехоҳӣ Худро ба мо кушоӣ, вале на ба ҷаҳон?" 23 Исо ба ӯ ҷавоб дод: "Касе кӣ Маро дӯст медорад, каломи Маро риоя мекунад ва Падари Ман варо дӯст хоҳад дошт. Мо ба назди ӯ хоҳем омад ва дар ӯ хоҳем зист. 24 Касе кӣ Маро дӯст намедорад, каломи Маро риоя намекунад. Каломе, ки Ман ба шумо гуфтам аз они Ман нест, балки аз они Падар аст, ки Маро фиристод. 25 Бо шумо буда, ин суханонро Ман ба шумо гуфтам. 26 Тасаллодиҳанда, Руҳи Муқаддас, ки Падар ба исми Ман мефиристад, ҳама чиро ба шумо таълим медиҳад ва ҳамаи он чиро кӣ Ман ба шумо гуфтам, ба хотиратон меорад. 27 Оромиро ба шумо боқӣ мегузорам. Оромии Худро ба шумо медиҳам, на он чунон, ки ин ҷаҳон медиҳад, Бигузор дили шумо хавотир нашавад ва натарсад. 28 Шумо шунидаед, ки Ман ба шумо гуфтам: "Аз назди шумо меравам ва ба назди шумо бармегардам". Агар шумо Маро дӯст медоштед, аз он хурсанд мешудед, ки ба шумо гуфтам: "Ба назди Падар меравам", барои он ки Падари Ман аз Ман бузургтар аст. 29 Ман ба шумо инро пештар аз он ки ба амал ояд гуфтам, то вақте кӣ он ба амал ояд, имон оваред. 30 Аллакай вақти гуфтугӯи Ман бо шумо кам мондааст, барои он ки мири ин ҷаҳон меояд ва ӯ дар Ман чизе надорад. 31 То ҷаҳон донад, ки Ман Падарро дӯст медорам ва ҳамн тавр мекунам, чунон ки Падар ба Ман ҳукм кард: бархезед, аз ин ҷо равем".

Chapter 18

1 Баъд аз ин суханҳо, Исо бо шогирдони Худ ба дигар тарафи водии Қидрун гузашт. Ӯ бо шогирдонаш ба боғе,ки он ҷо буд, даромаданд, . 2 Ин ҷоро Яҳудое, ки хиёнаткори Ӯ буд, медонист, чунки бисер вақт Исо бо шогирдонаш дар он ҷо ҷамъ мешуданд. 3 Яҳудо аз саркоҳинон ва фарисиён дастаи лашкарон ва хизматчиёнро гирифта, ба он ҷо омад, ки бо худ машъал, шамчароғ ва яроқ доштанд. 4 Исо ҳама чизе, ки бо Ӯ руй медиҳад дониста, баромад ва аз онҳо пурсид:"Киро мекобед?" 5 Ба Ӯ ҷавоб доданд: "Исои Носириро". Исо ба онҳо гуфт: "Ман ҳастам". Яҳудо, ки хиёнаткори Ӯ буд, назди онҳо истода буд. 6 Вақте ки Исо ба онҳо гуфт "Ин Манам" онҳо ба ақиб гаштанд ва ба замин афтоданд. 7 Исо боз аз онҳо пурсид: "Киро мекобед?". Онҳо ҷавоб доданд: "Исои Носириро" 8 Исо гуфт: " Ман ба шумо гуфтам, ки ин Ман ҳастам. Агар Маро мекобед, онҳоро гузоред, то ки раванд",- 9 чунин каломе, ки Ӯ гуфта буд, иҷро шуд "Он касоне, ки Ту ба Ман додӣ, Ман ягонтои онҳоро ҳам нобуд накардам" 10 Шимъӯни Петрус шамшер дошт. Ӯ шамшерашро гирифта хизматгори саркоҳинро зад ва гӯши росташро бурид. Номи ин хизматгор Малхус буд. 11 Аммо Исо ба Петрус гуфт:"Шамшерро ба ғилофаш гузор. Наход Ман косае, ки Падари Ман дод, нанӯшам?" 12 Он гоҳ лашкар, сарлашкар ва хизматчиёни маъбади яҳудиҳо Исоро доштанд ва Ӯро бастанд. 13 Аввал онҳо Ӯро ба назди Ҳанно оварданд, чунки ӯ хусури саркоҳин Қаифо буд. 14 Ин ҳамон Қаифое, ки дар маҷлиси яҳудиён маслиҳат дода буд, беҳтар ки як шахс барои тамоми мардум бимирад. 15 Аз ақиби Исо Шимъӯни Петрус ва дигар шогирдаш мерафтанд. Он шогирдаш аз сабаби он, ки шиноси саркоҳин буд, ба ҳавлии саркоҳин, якҷоя бо Исо даромад, 16 аммо Петрус дар берун аз ақиби дарвоза меистод. Баъд дигар шогирде, ки бо саркоҳин шинос буд, баромада бо хизматгорзане, ки дарвозаро посбони мекард, гап зада Петрусро даровард. 17 Ин хизматгорзан аз Петрус пурсид:"Оё ту шогирди Ин Одам набудӣ?" Ӯ ҷавоб дод :"Не" 18 Дар ин вақт ғуломон ва хизматгорони маъбад оташ даргиронда , истода гарм мешуданд, чунки ҳаво хунук буд, Петрус ҳам дар назди онҳо истода гарм мешуд. 19 Саркоҳин дар бораи шогирдони Ӯ ва таълимоти Ӯ, аз Исо пурсид. 20 Исо ба ӯ ҷавоб дод:"Ман кушоду равшан ба ин ҷаҳон сухан мегуфтам. Ман ҳама вақт дар куништ ва маъбад, ки ҳамаи яҳудиҳо ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва ҳеҷ чизи пинҳонӣ намегуфтам. 21 Барои чӣ аз Ман мепурсӣ? Аз он касоне, ки Маро гӯш карданд бипурс, чунки онҳо ҳама чизе, ки Ман гуфта будам шуниданд, медонанд" 22 Вақте ки Ӯ инро гуфт, яке аз хизматгорони маъбад, ки дар наздаш истода буд, ба рӯи Исо зада гуфт:" Ту ба саркоҳин чӣ хел ҷавоб медиҳӣ?" 23 Исо ба ӯ ҷавоб дод:" Агар Ман ҷавоби баде гуфтам, бигӯй кадом суханам бад буд? Пас, сухани бад нагуфта бошам, Маро барои чӣ мезанӣ?" 24 Ҳанно Исои басташударо ба назди саркоҳин Қаифо фиристод. 25 Вақте ки Шимъӯни Петрус истода гарм мешуд аз ӯ пурсиданд:"Оё ту яке аз шогирдони Ӯ нестӣ?". Ӯ инкор карда гуфт:"Не" 26 Яке аз хизматгорони саркоҳин, ки хеши оне ки Петрус гӯшашро бурида буд, гуфт:"Оё туро дар назди Ӯ дар боғ надида будам?" 27 Петрус боз инкор кард ва ин лаҳза хурӯс ҷеғ зад. 28 Аз назди Қаифо Исоро ба қасри румӣ оварданд. Пагоҳирӯз буд. Онҳо ба қаср надаромаданд, то ки ҳаром нашаванд ва хӯроки фисҳро хӯрда тавонанд. 29 Пилотус ба назди онҳо баромад ва гуфт:"Ин Одамро дар чӣ айбдор мекунед?" 30 Онҳо ҷавоб доданд:"Агар Ӯ бадкор намебуд, мо ба ту Ӯро намесупоридем" 31 Пилотус ба онҳо гуфт:"Ӯро гиред ва бо конунҳои худатон доварӣ намоед". Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд:"Мо ҳақ надорем, ки касеро ба қатл расонем" 32 Каломи Исо, ки Ӯ дар бораи маргаш, чӣ тавр Ӯ мемирад, гуфта буд, иҷро шуд. 33 Он гоҳ Пилотус боз ба қаср даромад, Исоро даъват карда аз Ӯ пурсид:"Ту Шоҳӣ яҳудӣ ҳастӣ?" 34 Исо гуфт:"Инро оё аз худат мегӯи ё дигарон ба ту дар бораи Ман гуфтанд?" 35 Пилотус ҷавоб дод:"Оё ман яҳудӣ ҳастам? Халқи Ту ва саркоҳинон Туро ба ман супориданд. Ту чӣ кор кардӣ?" 36 Исо ҷавоб дод:"Подшоҳии Ман на аз ин ҷаҳон аст, агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, он гоҳ хизматгорони Ман аз барои Ман муҳориба мекарданд, то ки ба яҳудиён супорида нашавам, аммо ҳоло Подшоҳии Ман на аз ин ҷост" 37 Пилотус аз Ӯ пурсид:"Охир Ту Шоҳ ҳастӣ?" Исо ба ӯ ҷавоб дод:"Ту мегӯӣ, ки Ман Шоҳ ҳастам. Ман барои ҳамин ба ҷаҳон омадам, то ки дар бораи ҳақиқат шаҳодат диҳам. Ҳар касе, ки аз ҳақиқат аст, овози Маро мешунавад" 38 Пилотус ба Ӯ гуфт:"Ҳақиқат чист?"Инро гуфту боз ба назди яҳудиён баромад ва гуфт:"Дар Ӯ ман айбе наёфтам. 39 Шумо қоидае доред, ки дар рӯзи иди Фисҳ ман якеро озод намоям, мехоҳед Шоҳӣ яҳудиёнро озод намоям?" 40 Он гоҳ ҳама боз дод заданд:"На Ӯро, балки Бараббосро". Бараббос роҳзан буд.